Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

алоқамандони адаб ва таҳқиқи он гузоштанд. Қисмати ба қавле вазнини китоб боби аввал — “Шеъри тоҷик дар замони истиқлол” аст, ки ба қалами устод Кӯҷарзода тааллуқ гирифтааст. Дар ин боб, ки беш аз 150 саҳифа дорад, масоили муҳими маърифати шеър - анъана ва навоварӣ дар шеъри аҳли ҷадидия, назми тоҷик дар даврони шӯравӣ (солҳои 30-юм ва 50-уми садаи ХХ), таҳаввули шеъри даврони шӯравии тоҷик (солҳои 60-80-уми садаи ХХ), мақоми жанрҳои суннатӣ дар назми даврони истиқлол, шеъри нав дар замони истиқлол, шеъри замони истиқлол аз нигоҳи мавзӯъ, сабки адабӣ ва ҷанбаи таърихии онро фаро гирифтааст. Асарҳои Айнӣ “Одина”, “Марги судхӯр”, “Мактаби куҳна”, ҷилди 40-уми силсилаи “Ахтарони адаб” (осори С. Айнӣ), Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ “Рисолаи Қуддусия”, “Маърифати нафс”, “Баёзи адабиёт” (барои синфи 11-уми макотиби миёна) бо кӯшиш ва заҳмати устод ва бо риояи усулҳои нақди матн рӯйи чоп омадаанд.

Ҳикояи “Ранг”-и А. Сиснид, “Тафтиш”-и А. Ренбом, “Аҳвол чӣ тавр?”-и Л. Кабаров, мақолаҳои илмии “Ҷаҳони андешаҳои Жолаи Исфаҳонӣ”-и В. Кляшторина, “Сухан аз боби Жола”-и З. Османова низ тавассути заҳмати тарҷумонии устод ба тоҷикӣ нашр шудаанд.

Миқдори асарҳои таҳрирнамудаи устод Кӯҷарзода ба 46 адад мерасад. Ӯ муқарризи 38 китобу барномаҳои илмиву таълимист, беш аз 90 маърузаю гузориш дар конфронсу ҷамъомадҳои илмӣ дорад.

Мегӯянд, ки он чизе, дар қалб аст, хоҳу нохоҳ рӯйи забон меояд. Устод Кӯҷарзода аз синни ҷавонӣ майл ба гуфтани шеър доштаанд, ки билоқибат дар синни камол ин шавку завқ дар маҷмӯаҳое бо номҳои “Бобо ва наберагон”, “100 рубой” ва “Замзамаи Роғун” дастраси ҳамагон шуд.

Аммо, чунон ки изҳор шуд, самти асосии фаъолияти илмии мавсуф матншиносист. Ин фан дар чаҳорчӯби таҳлили филогӣ мавқеи махсус дорад, зеро дар он матни асари

пешина
аз 226
навбатӣ