Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Чанд паҳлуй хислати олимиву инсонии устод Кӯчарзодаро то андозае воқеъбинона ва хеле мухтасар метавон ишора кард.
Гуфтем, ки ин кас фидоии илму таҳқиқ ҳастанд. Чунин менамояд, ки ба равияи таҳқиқотии хеш чун ба фарзанди маънавӣ муносибат мекунанд. Ҷустуҷӯяшон мунтазаму пайваста аст. Дер чоп мекунанд, вале хеле пухта. Андешаву идеяҳои илмиашон поя ба таҳкурсии устувори пажӯҳиш дорад. То кунун чизе аз дигарон чоп нашудааст, ки ин ё он андешаи илмии устодро зери шубҳа гузошта бошад.
Аз нахустин мақолаи илмии устод, ки 12-уми сентябри соли 1970 ба табъ расидааст, расо 51 сол сипарӣ шуд. Аз он давра ба баъд садҳо мақола ва китобҳо, аз ҷумла монографияҳои «Турсунзода: садоқат ва маҳорат», «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи Садриддин Айнӣ», «Муҳаққиқи соҳибмактаб», «Адабиёти тоҷик» (барои синфи 11-уми макотиби миёна) таълиф шуданд. Китоби «Муҳаққиқи соҳибмактаб», ки ба зиндагӣ ва фаъолияти Соҳиб Табаров ихтисос дорад, ғолиби озмуни «Китоби соли 2014» гардидааст. Бо ҳаммуаллифии А. Сайфуллоев, С. Муллоҷон, Ҷ. Ҷӯрабоев китоберо бо номи «Маориф - гарави пешравии ҷомеа» ба табъ расондаанд, ки дар он моҳияти таълимӣ ва тарбиявии таълифоти адибону мутафаккирони тоҷик – Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров баён шудааст. Китобҳои «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С.Айнӣ» (Душанбе: ДМТ, 2013. – 140 с.), «Нақди матн ва нақди адабӣ» (Душанбе: ДМТ, 2017. – 223 с.), китоби дарсии «Матншиносӣ» (Душанбе: Торус, 2018. – 224 с.) як марҳилаи тозае дар илми матншиносӣ ба шумор меоянд.
Панҷ соли ахир устод Кӯчарзода ба шарофати лоиҳаи илмие ба пажӯҳиши адабиёти давраи истиқлол машғул шуда, билохира ҳамроҳ бо академик М. Имомзода, профессор М. Абдуллозода ва муҳаққиқи варзидаи соҳаи драма М. Табарӣ китоби дастаҷамъиеро бо унвони “Адабиёти тоҷик дар замони истиқлол” (Душанбе: ДМТ, 2020. – 346 с.) пешорӯйи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё