Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Дар ниҳоди ин устод ба ҷуз тамкину хоксории ба худашон хос боз се унсуре ҳаст, ки моҳияти зиндагиву фаъолияташонро бозгӯ мекунад: мударрис, муҳаққиқ ва инсони комил. Устод таҳти таъсир ва иқоҳи ҳамин се унсури шахсиятсоз қарор доранд ва аз баракати онҳо обрӯву эҳтиром ва шуҳрат касб кардаанд. Мударрисе ҳастанд, ки дар ҷаҳони ормонии ҳар яке мо муаллим бояд ҳамин гуна гуфтору рафтор ва шеваи тадрису таълим дошта бошад. Дарс барои ин кас муқаддас аст ва ақидаашон ҳамин аст, ки ягон баҳона, ягон ҳодисаву тасодуф набояд монеаи дарсшиканӣ гардад. Бо донишҷӯ ҳамчун фарзанд муносибат мекунанд ва касеро ёд нест, ки нафаре аз он кас ҷиҳати беодобиву нодонӣ ранҷу озор дида бошад. Насиҳату роҳнамоӣ воситаи ҷазои ӯ барои донишҷӯст. Баъдан, муҳаққиқи барҷастаи соҳаи худ, яъне таҳқиқи матн ҳастанд, ки ҳамчун мактаби илмӣ дар ҷумҳурӣ эътироф шудааст. Бо ибтикори ин донишманд дар донишгоҳ матншиносӣ ба фанни мустақили таълимӣ табдил ёфт ва дар номгӯи таҳқиқоти илмӣ ҷойи сазовор пайдо кард. Устод як гурӯҳ шогирдоне ба камол расонидаанд, ки маҳз ба ҳамин навъи таҳқиқ ҳолиё машғулият доранд.
Дигар ин ки устод Аламхон Кӯҷарзода инсони комил ба маънои томаш ҳастанд. Сабру тамкин, муносибати хайрхоҳона, муомилаи нек ва гуфтору рафтори ҳалимонаашон ба ҳама маълум аст. Ҳар нафаре, ки бо он кас дар муносибат буду ҳаст, сидқан ва самимона эҳтиромаш мекунад. Чунин эҳтиромгузорӣ хоси инсонҳои шариф аст, аз гиромидошти муқаррарӣ тафовути калоне дорад.
Дар ғайбашон, ҳар гаҳ ки сухан аз устод Кӯҷарзода равад, ҳама ҳамкорону ҳамкасбон ӯро ситоиш мекунанд, чунки муҳаббаташон ба устод хеле самимист. Ва ин муҳаббат дуҷониба ҳам аст. Мо ҳама, чӣ хурду чӣ бузург, чӣ шогирду аспирант ва чӣ олими баркамолу соҳибунвон, аз он кас танҳо некиву хайрхоҳӣ дидаем ва ҳамонро мегӯему далел меорем. Чунин рафторамон ба назари худамон объективӣ менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё