Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Устод Аламхон Кӯҷарзода низ аз ҳамон насли пешина ҳастанд, ки ба қавле «ҳуни дил об кардаву нури чашм кохонда» ба шоҳроҳи илм ворид шудаанд. Ин кас ифтихори шогирдии Соҳиб Табаровро доранд, ҳамон Соҳиб Шуҳратиевич, ки барои як рисолаи солона аз донишҷӯ хондани беш аз сад сарчашмаро такозо мекарданд. Барои андак саҳлангорӣ дар хошияи қоғаз беибо менавиштанд: бесавод, бесавод, тамоман бесавод... Мактаби Соҳиб Табаров, агарчи дар пояи сохтору арзишҳо ва идеологияи шӯравӣ буд, аммо мактаби ҷиддӣ буд, бахусус дар соҳаи таҳқиқи давраи нави адабиёти тоҷик. Дар заминаи ин мактаб устод Кӯҷарзода равияи нави адабиётшиносӣ – матншиносии давраи нави адабиётро асос гузоштанд. Устодони зиндаёд Амрияздони Алимардон ва Абдуманнони Насриддин дар бахши классикии ин фан корҳои мондагоре кардаанд. Устод Кӯҷарзода адабиёти навро ҳадафи пажӯҳиш қарор доданд, хосса дар матншиносии осори устод Айнӣ таҳқиқоти бунёдӣ ба вуҷуд оварданд.
Устод барои фарҳангу адаби ин миллат хеле ва хеле заҳмат кашидаанд, пайраҳои тайкардаашон печутоби зиёде дорад, аммо аз ин ҷиҳат сухан намегӯянд, гӯиё аз дигар ҳампешаҳо тафовуте надоранд, гӯиё ба 500 адад расонидани номгӯи корҳои илмӣ – китобу якнигоҳҳо, дастуру васоити таълимӣ, мақолоти илмӣ ва такризу дигар-дигар навиштаҳо, ки ба қавле «катра-катра аз хуни ҷигар кам мекунанд», як амали мукаррарии як олими одӣ бошад. Аз он ки ҳар ҳафта унвонҷӯ бо хоҳиши ислоҳу таҳрири кори илмии худ ба устод муроҷиат мекунаду пешакӣ «иттилоъ» дорад, ки «паси дар намешавад», ҳоҷати гап ҳам нест.
Ҳамин тавр, Аламхон Кӯҷарзода ба эътирофи онҳое, ки бо улуми филологӣ сарукор доранд, хеле инсони хайрхоҳанд, хуб мегӯянд ва хуб менависанд, нерумандтаранд дар ин қофила. Ба ҳамин маъно, дар романи нависандаи машҳури Фаронса Жорж Санд – «Индиана» сатрҳои зеринро дучор меоем: «Аз ҳама одами бошараф ҳамонест, ки аз дигарон беҳтар фикру амал дорад, нерумандтаринаш беҳтар мегӯяду менависад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё