Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
энерҷии устод сарфи ин корҳо мешавад, барилова моҳе нест, ки дар ин ё он конфронси донишгоҳиву академӣ баромад накунанд, ба замми инҳо ҳармоҳа ду маротиба иштирок ва суханрониҳо дар шӯроҳои ҳимояи рисолаҳо ва боз даҳҳо навъи супоришу корҳои ҷамъиятист, ки устод рад намекунанд ва ҳатман ба иҷро мерасонанд...
Манбаъ ё заминаи ин гирудори доимӣ чӣ бошад? Албатта, тандурустӣ. Аммо ин як паҳлуи масъала аст, ҳарчанд аввалдараҷа низ ҳаст. Устодон Аламхон Кӯчарзода, Абдунабӣ Сатторзода, Давлатбек Хоҷаев, Ҳомид Маҷидов, Абдуҳолиқ Набавӣ, Абдулҳай Маҳмадаминов аз насли он муҳаққиқоне ҳастанд, ки виҷдони илмӣ доранд ва маҳз ҳамин чиз муҳаррики фаъолияташон аст. Аз баракати раҳнамоии ҳаминҳост, ки таҳқиқи илм роҳу равише дуруст дорад, аз шарофати ҳаминҳост, ки улуми филологӣ то кунун арзишу манзалате дорад... Насли баъдӣ чунин фидокор нест, зеро арзишҳо тағйир хӯрдаанд, кунун барои ин насл илм чун василаи расидан ба ҳадафе (пеш аз ҳама, мансаб ва баъдан то андозае беҳтар саришта кардани рӯзгор) лозим асту халос. Асотиди зикршуда парвардаи мактабҳои илмии даврони шӯравианд, ки ба қавле ҳар раҳрави кӯчаи илмро мисли ришта аз сӯзан мегузаронд. Насли имрӯза, мутаассифона, ин гуна зарфият ва ин гуна неру надорад. Кадом холдоне гуфт ва дуруст ҳам гуфта, ки ассистенти давраи шӯравӣ, ҳатто лаборанташ, он қадар ҷаҳонфаҳмиву донишу ковише дошт баробар ба як олими ҷавони соҳибрутбаи ҳозира. Хусусан дар мавриди таърихнигории мавзӯоти илмӣ ё дараҷаи омӯзиши ин ё он масъалаи илмӣ...
Насли пешин, намояндагони забону адабиётшиносии шӯравӣ, сараввал ҷилд-ҷилд кутуби назария хонда, дафтар-дафтар конспект мекарданд, сипас шурӯъ менамуданд ба пажӯҳиш. Ҳоло баръакс, ҳама прагматик шудаанд, ба назарияи илм хеле кам, танҳо барои расмияташ таваҷҷуҳ мекунанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё