Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Ҳафиз РАҲМОН,
адабиётшинос
ХУШНУДИИ ҲАЁТ ДАР ЭҶОД АСТ...
(ба ифтихори 75-умин солгарди умри шарифи
устод Аламхон Кӯҷарзода)
Мардуми мо хоксориро аз беҳтарин хисоли инсонӣ медонанд. Чопониҳо низ. Онҳо дар ин хусус ҳикмате доранд:
«Хоксорӣ зенати хирад аст». Муаллифи «Ҷанг ва сулҳ» низ ба ҳамин мазмун андешаи ҳакимонае дорад: «Хоксории одамони воқеан накукор дар фаромӯшхотири онҳо зоҳир мешавад. Онҳо ба кори худ ҷиддӣ машғуланд ва аз ёд мебароранд, ки кадом амалҳои накуро анҷом додаанд». Яке аз асотиди ниҳоят хоксору донишманди Донишгоҳи миллӣ, доктори улуми филологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бунёдгузори мактаби илмии матншиносӣ дар ин таълимгоҳ устод Аламхон Кӯҷарзода айнан ҳамин гуна хоксорие доранд, ки Лев Николаевич Толстой ба он ишора кардааст.
Уламои тиб ва равоншиносии иҷтимоӣ назар доранд, ки каси машғули кори фикрӣ одатан баъди ҳафтод рӯ ба камҳавсалагиву камҳаракатӣ меорад ва ин амри табиист. Ин нуқтаи назар аз ҷониби мардум бидуни таҳқиқи илмӣ ҳам мақол шудааст: «Пирӣ оқибат корашро мекунад...». Аммо чунин хулоса дар мавриди устод Кӯҷарзода ҳеҷ рост намеояд:
синни мубораки ин кас ба 75 расида бошад ҳам, дар таълиму тадриси шогирдон, ҳатто муаллимони ҷавони чор ишкелашон бутун ба ин кас баробар шуда наметавонанд. Боре мушоҳида кардам, ки устод рӯзе панҷ соат билофосила дарс гуфта, бо се нафар шогирдонашон роҷеъ ба корҳои курсӣву дипломӣ маслиҳат дода, барилова як навкори соҳаи илмро беш аз ним соат насиҳату раҳнамоӣ карданд. Ин, бегумон, фақат як рӯзи як ҳафтаи корашон дар донишгоҳ аст. Акнун тасаввур кунед, ки ҳафтаи донишгоҳӣ иборат аз шаш рӯз аст ва чӣ миқдор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё