Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Маҷнунов Абдуламин,
номзади илмҳои филология
АДАБИЁТШИНОСИ КОМИЛ
ВА УСТОДИ МЕҲРУБОН
Олимону устодон машъалафӯзони маърифат ва парчамбардорони фазлу ҳикмат мебошанд. Маҳз, бо шарофати талошу заҳмат, саъю кӯшиш ва ҷонфидоию азму иродаи матини маънавии олимон аҳли ҷомеа аз беҳтарин неъмати зиндагӣ илму дониш ва адабу ҳикмат баҳраманд мегарданд. Яке аз олимони асилу мумтоз, ки якумр ин касби пуршарафро пеша карда, дар ҷодаи таҳқиқи илми филология заҳмат кашида, дар баробари фаъолияти илмӣ касби пуршарафи омӯзгориро низ идома медиҳанд, устоди арҷманд, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аламхон Кӯчарзода мебошанд. Солҳои донишҷӯӣ аз устодони бисёре сабақ гирифтам, бархе аз онҳо дар айни ҳол дар қайди ҳаёт нестанд (равонашон шод бод!). Сад шукр мегӯям, ки аксарашон то ҳол бо пажӯҳиш ва таълиму тарбияи шогирдон саҳми шоиста дошта, пайваста дар пешрафти илми адабиётшиносии тоҷик бидуни хастагӣ заҳмат мекашанд. Устоди муҳтарам Кӯчарзода Аламхон дар радифи ҳамин гуна муҳаққиқони пуркору заҳматкашу заҳматписанд қарор дорад.
Тадқиқоти олими пуркори Аламхон Кӯчарзода дар самтҳои гуногуни илми адабиётшиносии тоҷик мунтазам идома доранд, зеро муаллифи ин асарҳо ҳис мекунанд, ки ҳамаи ин тадқиқот барои мардуми мо, барои зиёиён зарур ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта метавонанд. Қадамҳои устуворонаи олими дақиқназар дар роҳи илм ба ҷустуҷӯву тадқиқоти минбаъда доимо ӯро рӯҳбаланд месозанд, ки бурҳони қотеи он таълиф намудани зиёда аз 470 китобу мақолаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё