Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
ба мисли чоҳи миёни раҳ, домани пургӯноҳ, поёни шаби сияҳ, мардуми дилсияҳ ва дар ташбеҳи шаби сияҳ ба мардуми дилсияҳ як парадоксе мавҷуд аст, ки бо вуҷуди тирагӣ тафовутҳои замину осмонӣ доранд, яъне хабари рӯз заволи шабтирагист, аммо тирагии қалб дар пеш хабаре аз рӯшанӣ надорад, ки аз зиёнаш бар Худо паноҳ бурдааст. Дар рубоии дигар устод худро қурбони як лаҳзаи осоиши маҳбуб мекунад:
Эй ҷони манӣ, ҷони манӣ, ҷони манӣ,
Ман Юсуфи Мисраму ту Канъони манӣ.
Дар ҳифзи ту мижгони сафоростаам,
Зеро ба масал гавҳари чашмони манӣ.
Устод дар ин рубоӣ аз мижгони сафороста, ба хотири ҳифзи гавҳараки чашмон, ки манзур ҳабиб аст, истифода намудааст ва барои берун кашидани дурдонаҳои сухан аз дарёи маънӣ, бо истифода аз санъати талмеҳ перояе бар афкору андешаи хеш ба бар мекунад, ки шоиста аст. Чунин шоистагиро дар ҳунару дониш ва ҳайсияти устоди гиромӣ Аламхон Кӯҷарзода, Худованд ба бахти мо шогирдон ато намудаанд, ки аз эшон камоли маърифату худшиносӣ омӯзем. Бо ин руҷӯи хурдакак ба ҷаҳони маънии устод мехостем каме ҳам бошад, ҳунари шоирии ба қалам диҳем.
Имрӯз устод бо пуркориву заҳматҳои бесобиқа дар роҳи илм дар ҳалқаи ёрону азизон камоли 75-умин солгарди умри бобаракаташонро мепаймоянд ва дар остонаи ин боргоҳи илм - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки барои ҳамаи мо макони муқаддас аст, ба устод саломатию шукӯҳу саодати умрро аз Худои мутаол талабгорем.
Худовандо баҳорашро сафо бахш,
Навое дар дили сад ошно бахш.
Бидеҳ паймонае бо сурати ишқ,
Замину осмони анбиё бахш!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё