Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Темур Ҳафизов,
устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

СОҲИБЭҲТИРОМ

Зиндагӣ ин набард аст, набарди бурдбориҳо, комёбиҳо ва гуфтанҳову шуниданҳо. Дар ин майдони набард онҳое ба сари баланд комёбу шарафманд мегарданд, ки дорои иродаи матин буда, ба дараҷаи шахсият расидаанд.

Бо инсони нармгуфтору ботамкин, хоксору ҳалим Аламхон Кӯҷарзода камина аз соли унвонҷӯӣ инҷониб шиносӣ ва ҳамкорӣ дорам. Мавсуф аз он табори мардумонест, ки қаламрави умри хешро бо гулҳои зебои маърифат ва пероияи маънавиёт ороставу пероста гардонидааст. Зеро ба ҳайси адабиётшинос беш аз 55 соли умри бобаракати хешро ба тарбияи ҷавонон ва тайёр кардани мутахассисон сарф намуда, дар рушди маориф ва илми кишвар саҳми шоён гузошта истодааст. Зиндагиномаи ӯ бошад, саршори фазилатҳои инсонӣ ва илмист, ки ба олами бою рангини маънавиёташ, соҳибназариву соҳибмаърифатияш дар ҷомеаи кунунӣ мақоми шоистае пайдо кардааст. Албатта, дар як нигориши кӯтоҳ наметавон тамоми паҳлуҳои фаъолияти илмию ҷамъиятии як инсони комил ва олими пурмаҳсулро, ки дар ҷодаи илм ба ҳайси шахсияти бузург шинохта шудааст, ба риштаи тасвир кашид. Аммо дар чанд сатри поён рӯзгору пайкор ва одамияту фазилати нотакрори адабиётшинос ва тарбиятгари наслҳо, доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии ДМТ Аламхон Кӯҷарзодаро, ки воқеан арзандаи сифат кардан аст ва барои дӯстону шогирдон як сабаки ибратомӯз аст, мавриди зикр қарор хоҳем дод.

Ӯ аз шогирдони мактаби илмии узви вобастаи АИ ҶТ, устоди зиндаёд Соҳиб Шуҳратевич Табаров буда, дар тамоми фаъолияти илмӣ ва касбияш дар ташвиқу тарғиби анъанаҳои

пешина
аз 226
навбатӣ