Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
ошноиву дастрасӣ ба онро муваффақияти калон меҳисобам. Ҳангоми навиштани кори дипломӣ овардани иқтибос аз бузургонро устод ба ман омӯзонидаанд. Хулоса, дасти маро рост карданд, ки як умр худро мадюни устод медонам! Вақте шунидам, ки бо ташаббуси декани факултети филология Сироҷиддини Эмомалӣ устод аз нав ба кафедраи адабиёти муосир ҷалб шуд, хеле хурсанд шудам ва аз Сироҷиддин сипосгузорам, ки чунин устоди донишмандро ба донишгоҳ баргардониданд. Зеро омадани устод танҳо бурди донишҷӯву унвонҷӯ аст. Шогирдоне, ки воқеан мехонанд, устод барои эшон кони донишанд!
Бояд гӯям, ки ин ҳама хизматҳо дар ҳаққи банда устод беғаразона, софдилона ва бе ягон тамаъ карданд. Дар ивазаш ман ҳеҷ хизмате барои устод накардаам!
Вале мутмаин мегӯям, натиҷаи заҳматҳои устод аст, ки ҳамеша шогирдон, онҳое, ки ман мешиносам, дар бораи шахсияти устод бо як меҳру муҳаббату самимият гап мезананд! Фикр мекунам барои устод - таълимдиҳанда аз ин дида туҳфаи хубе нест!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё