Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
шуъбаи иҷтимоиёти Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рамазон Ғозиев буд...»
Устод Аламхон Кӯҷарзода аз соли 1997 ба сифати дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ пазируфта шуданд. Вобаста ба маҳсули пурбору ғановатманди илмию адабӣ ва публитсистиашон дар ҳамин давра ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул шуда, моҳи ноябри соли 1997 вакили анҷумани XI Нависандагони Тоҷикистон интихоб гардиданд. Соли 2002 бошад устод А.Кӯҷарзода дар асоси озмун ба вазифаи мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ эътироф шуданд.
Маълум аст, ки Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон то ин вақт барои устод бегона набуда, баръакс ҳамчун сарчашмаи асосии омӯзишу такмил ёфтанаш маҳсуб меёбад. Чунки устод А.Кӯҷарзода ҳанӯз солҳои 1964-1969 ҳамчун донишҷӯи шӯъбаи филологияи тоҷики факултети таъриху филологияи ҳамин донишгоҳ буда, аз донишмандони бузурги давр таълим гирифтаанд. Табиист, ки яке аз сарчашмаҳои муътамади илмомӯзии устод А.Кӯҷарзода ба мисли аксари донишмандон, хусусан шоирому нависандагон ва адабиётшиносони маъруф, чи тавре ки худашон дар ҳама вохӯриҳо иброз медоштандӯ медоранд, маҳз маҳфили «Адибони ҷавон»-и ДДТ, ки таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ Тоҷикистон С.Ш.Табаров фаъолият менамуд, ҳисобида мешавад. Ғайр аз ин, устод А.Кӯҷарзода солҳои 1972-1976 аспиранти шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи УДТ буданд. Бояд қайд кард, ки баробари ба ДДМТ омадан устод Кӯҷарзода иқдом нишон дода, дар нақшаҳои таълимӣ фанни «Матншиносӣ»-ро ҳамчун заруртарин илми адабиётшиносӣ шомил сохта, бо ин амал як навъ орзуи деринаи устодаш С.Табаровро ҷомаи амал пӯшониданд. Акнун минбаъд дар факултети филология тадриси фанни «Матншиносӣ» ҳамчун фанни алоҳидаи махсус ҷараён пайдо кард. Ин боис гардид, ки устод А.Кӯҷарзода ғайр аз асарҳои доир ба илми матниносӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё