Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
таърихӣ ва гуногуну мухталифи адабиву бадеӣ ва на очерку таърихи адабиёти тоҷики асри бистумро ба вуҷуд овардан имконнопазир мебошад».
Ин аст, ки устод Аламхон Кӯҷарзода дар арафаи ҷашни 90-солагии устоди бевоситаашон, адабиётшиноси зиндаёд Соҳиб Табаров ҳамчун рамзи сипосу эҳтиром «Ганчинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» ва «Нигоҳе ба «Таассуроти ақлу дил» ном мақолаҳояшонро бо назардошти асосҳои бунёдии илми матншиносӣ ва дар маҷмӯъ адабиётшиносӣ ба табъ расонда, арзи ҳастӣ намудани «Ганчинаи нақди адабии Соҳиб Табаров»-ро дар ноҳияи Муъминобод бо дарку масъулияти баланди соҳавӣ ҳамчун маркази бузурги илмию фарҳангӣ ба қалам мениҳанд. Дар ин замина таъсис ва аҳамияти бойгонии мазкурро бо хусусиятҳои арзиши миллидошта ба таври мушаххас хулоса менамоянд: «Хулоса, «Ганчинаи нақди адабии Соҳиб Табаров»: 1. Барои омӯхтани ақидаҳои адабӣ-эстетикӣ ва фаъолияти танқидии устод Табаров шароити мусоид фароҳам меоварад; 2. Барои таҳқиқоти илмӣ дар шароити деҳот имконияти хуб ба вуҷуд меоварад; 3. Барои оммаи хонандагони ноҳия дар дастрас намудани адабиёти бадеӣ ёрӣ мерасонад; 4. Дар ноҳияи Муъминобод чун маркази чорабиниҳои фарҳангӣ-маишӣ хизмат мекунад».
Дар баробари ин, устод Аламхон Кӯҷарзода ҳамчун олиму донишманд ва фарҳангии муқтадир ба хотири рушди илми тоҷик масъалагузориҳо ва ҷонибдориашонро оид ба таъсиси чунин марказҳо ва амсоли онҳо нек арзёбӣ сохта, ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур накардаанд. Вобаста ба ин эҳсоси фарахмандӣ, шукргузорӣ ва қаноатмандии устодашон Соҳиб Табаровро аз «Дафтари қайдҳо, №1» доир ба ин кори хайр овардаанд: «... Камина ва оилаам аз раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев сипосгузору шукргузор ҳастам, ки дар муддати се-чор соли охир сохтмони ин осорхонаро ба зери назорати худ гирифт ва дар ин кори фарҳандӯстонаи ӯ мададгори асосияш мудири

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё