Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Соҳиб Шуҳратиевич Табаров тасдиқ карда шуд, махсусан барои устод мушкилиҳо кам набуданд. Новобаста ба ҳамаи ин роҳ сӯи Душанбе пеш гирифта, бо қуввату дармон, амалу ҳаракат ва ташаббуси хеш ба бойгонии нависанда роҳ ёфта, маводи заруриашонро дастрас ва сурат (акс) гиронданд. Вобаста ба ин масъала бузургӣ ва дурбинии устод Аламхон Кӯҷарзода дар он зоҳир мешавад, ки дар баробари маводи ба рисолаашон ёртибот дошта қариб аксари дастхати матнҳои осори устод Садриддин Айниро аксбардорӣ намуда, то ҳол маҳфуз медоранд. Чунин муносибат, аз як тараф, фидой будан, муҳаббату садоқат ва масъулияти эшонро ба касбу корашон нишон диҳад, аз ҷониби дигар далели он аст, ки дар ҳамон синни ҷавонӣ устод донандаи олии назарияи матншиносии ҳам адабиёти қадим, ҳам асримиёнагӣ ва ҳам муосир будаанд. Ва хуб дарк менамуданд, ки нусхаҳои қаламии асарҳои нависандагон дар илми матншиносӣ маводи пуркимат буда, тавассути онҳо заҳмати бурдборонаи эҷодии адибон, ташаккул ва такомули услуби забони осори эшон ба таври воқеӣ аён мегардад. Ва он тағйирот, ихтисорот ва иловаҳои хурду калони мусаввада, сиёҳнавис ва тозанивисҳое, ки дар бойгониҳои нависандагон мавҷуданд ва аз назари оммаи хонандагон дур меафтанд, дар таҳлилу таҳқиқи эҷодиёти нависандагон аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Аз ин ҷо бармеояд, ки маҳз маводи бойгонии адибон ба муҳаққиқон имконият медиҳад, ки таърихи адабиёт ва фарҳанги мамлакатро боз ҳам амиқтар ва муфассалтар ба таҳқиқ гиранд. Дар ин росто таъкиди узви вобастаи АИ Тоҷикистон, доктор ва профессори фахрии ДМТ, ки ба соли 2001-ум рост меояд, айни муддаост: «То вақте ки ҳама ва аксари ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва боваринок дар як ё якчанд маркази маъхазу сарчашма ва манбаъҳои адабиву бадеӣ гирд оварӣ ва ҷамъоварӣ нашаванд, ба таври бояду шояд на мақола, асар ва рисолае роҷеъ ба ҳаёт ва эҷодиёти адибе, на таҳқиқоту тадқиқоте дар бораи давраву ҷараёнҳои мушаххаси адабиву

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё