Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

кумакам намоянд. Устод А.Кӯҷарзода бо табассуми маънидори ба худашон хос «Э, бародар кори дунё осон нест. Шумо ҷавонҳо фақат чизи тайёрро мехоҳед» — гуфтанду маро ба китобхонаашон, ки ганчинаи бузурггеро мемонд, даъват карданд. Устод аз рафҳои қисми поёнии китобдонашон нусхаҳои қаламии №30, 31 ва 34-и матни қиссаро бароварда, бо таъкидҳои зиёд бо онҳо муносибат намуданамро махсус қайд сохтанд. Ҳамин тавр, рафта-рафта пеш аз он ки ба коргоҳи эҷодии муаллифи қиссаи «Марги судхӯр» устод С.Айнӣ шинос гардам, аз коргоҳи эҷодии устоди заҳматкашам профессор Аламхон Кӯҷарзода то андозае бархӯрдор шуда, бисёр ҷузъиётҳоро кашф кардам, ки ба қавли мардумӣ ба гуфтан осон менамояд.

Чи тавре ки маълум шуд, маводи барои корам асосиро мувофиқ ба тахминҳоям оқибат аз ганчинаи устодам, ки онҳоро ҳамчун «гавҳари ноёб» нигоҳ медоштанд, пайдо намудам. Вале кадом омил буд, ки дар оғози ташвишу саргардониҳо баҳри дастрас кардани мавод устоди ибратомӯзам оромиро пеша карда, чизе нагуфтанд? Барои он ки мехостанд ба шогирд дар ин ҷараён дарси пандомезу тарбиявии хешро пиёда созанд. Яъне, ҳар як шогирд ва ё муҳаққиқ бояд худ хуб дарк намояд ва ба он дучор гардад, ки барои таҳқиқу омода кардани як мақола ва ё рисолаи арзишманди ҷавобгӯи талабот, инчунин ба аҳли илм мақбул чи қадар даводав, ҷустуҷӯй, мутолиакории мунтазам, бедорхобӣ, сардиву гармӣ, ташнагиву гуруснагӣ ва дигар пастиву баландиҳоро паси сар кардан лозим мешавад.

Агар дар ҳамон давра ба бахти банда дастрас сохтани бисёре аз мавод тавассути устод Аламхон Кӯҷарзода осон муяссар шуда бошад, вале ба бахти худи устодам ин хел набудааст. Дар нимаи дуюми солҳои 70-уми асри ХХ вақте ки мавзӯи рисолаи номзадии устод Аламхон Кӯҷарзода зери унвони «Тадқиқи текстологияи «Одина»-и С. Айнӣ» таҳти роҳбарии узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон

пешина
аз 226
навбатӣ