Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Аз рӯи мутолиаи бисёр асару мақолаҳо маълумам буд, ки дар адабиётшиносии тоҷик дар муқоиса омӯхтани матнҳои осори адибони давраи нав аслан аз солҳои шастуми асри ХХ оғоз ёфтааст. Аввалҳо дар таҳқиқоти С.Табаров, Ҳ.Отаҳонова, К.Юсуфов, Б.Камолиддинов ва баъзе дигарон ҳангоми таҳқиқи ин ё он масъалаи илмӣ бо мақсади равшантар кушодани услуби эҷодӣ ва маҳорати нигорандагии адибони алоҳида баъзе порчаҳои матнҳои ин ё он асари онҳо қиёс карда мешавад. Баъдтар оид ба таърихи матнҳои чопии баъзе асарҳои адибони тоҷик таҳқиқоти алоҳида пайдо шуданд, ки дар байни онҳо асару мақолаҳои донишмандон Раҳим Ҳошим, Ю.Салимов, А.Сайфуллоев, Ҳ.Муҳибов, С.Салоҳ, А.Урунов, А.Маҳмадаминов, махсусан устоди арҷмандам Аламхон Кӯчарзода мавқеи калону калидиро доро мебошанд. Дар ин асно мақолаҳои алоҳидаи маҷмӯаи «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик»-и профессор Аламхон Кӯчарзода ва «Масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик» ном маҷмӯаи академик Хуршеда Отаҳоноваро, ки ба таҳқиқи матнҳои қаламии баъзе асарҳои устодон С.Айнӣ ва А.Лоҳутӣ бахшида шудаанд, ном бурданро ба мавқеъ медонам.
Дар яке аз мақолаҳои профессор А.Кӯчарзода бо номи «Таърихи матни қиссаи «Марги судхӯр» матнҳои қаламииву чопии қисса ба таҳқиқ кашида шудаанд. Таълиф ва арзиши баланд доштани мақолаи номбурда маҳз бо истифодаи дастхатҳо ва бойгонии нависанда ба устод имконият додааст, ки ба бисёр масъалаҳои таърихи матни асар дахл намуда, онҳоро дар асоси далелҳои муътамад пешкаш созад.
Аз ин рӯ, баъди саргардониҳову даводавҳои зиёд ва муваффақ нашуданам дар пайдо кардани маводи аввалиндараҷа, хусусан дастхатҳо, ба андешае омадам, ки ҳеҷ мумкин нест, ки устод онҳоро надошта бошанд. Баъди чанде ба назди устод А.Кӯчарзода омадаму матлабро баён дошта, илтиҷо кардам, ки дар пайдо намудани мактубҳо ва нусхаҳои қаламӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё