Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
устод А.Кӯҷарзода бароям пешниҳод намудани нусхаҳои осори олимону донишмандони рус Б.В.Томашевский ва Д.С.Лихачёв, ки яке аз асосгузорони илми матншиносии давраи баъдиинқилобӣ маҳсуб меёбанд, буд. Ин нусхаҳо дар шакли чопи мошинӣ буда, дар ибтидо каминаро аз алифбо ва назарияи бунёдии илми матншиносӣ воқиф сохтанд. Баъдан, монографияҳои арзишманду нодири устодам — «Тадқиқи текстологии «Одина»-и С. Айнӣ» (Душанбе: Дониш, 1982. — 148 с.); «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (Душанбе: Маориф, 1994. — 144 с.) ва «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С.Айнӣ» (Душанбе: Матбуот, 2002. — 270 с.)-ро мутолиа намуда, дарк сохтам, ки кадом мушкилиҳои эҷодӣ бо назардошти муҳтавои рисола маро интизор аст.
Акнун хуб мефаҳмидам, ки вобаста ба талаботи мафҳуми таърихи матн тамоми масъалаҳои нақди матни қиссаи «Марги судхӯр» барин асареро, ки чӣ матнҳои қаламӣ ва чӣ матнҳои чопии он аз тарафи нависанда борҳо таҳрир дида, худи С.Айнӣ онро бо забони ӯзбекӣ баргардон кардааст, кори душворест. Ҳол он ки боби аввали рисола «Матнҳои қаламии қиссаи «Марги судхӯр»» номгузорӣ шуда буд.
Вобаста ба талаботи мафҳуми таърихи эҷоди асар асосан омӯзиши мактубу санад, суханрониҳову мусоҳибаҳо ва нутку мулоҳизоти муаллифро тақозо намуда, дар маҷмӯъ, мафҳуми таърихи матни асар, ки таҳқиқи нақшаву мусаввада, сиёҳнавису тозанавис, матнҳои чопии давраи ҳаёт ва баъди ҳаёти нависандаро дар худ ғунҷоиш медиҳад, ҷараён бахшидани таҳқиқотро бе ҳамбастагӣ ба бойгонии нависанда тасаввур кардан мумкин нест. Ана, акнун душвории масъала дар он ифода меёбад, ки дастрас кардани маводи бойгонӣ дар ҳамон шабу рӯз ва ба хотири анҷом додани таҳқиқоте оид ба осору шахсияти устод Садриддин Айнӣ ва ба орият гирифтани маводе, хусусан мактубу дастхатҳо, аз дасти устоду адабиётшиноси зиндаёд Камол Айнӣ душвор ва ҳатто имконнопазир буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё