Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ва тасвири зоҳирии образҳои асосии осори адибони номбурда аз нуқтаи назари муқоиса бо таври ҷиддӣ муносибат карда, шароити сиёсиву иҷтимоиву иқтисодиву фарҳангии ба онҳо тобеъро муайян созам. Ба ҳамин тариқ, талабот зиёд шудан гирифт, гӯё домулло як навъ маро аз зинаҳои аввалини талаботи хеш гузарониданд. Баъд аз ин, бисёр асарҳои илмиву бадеиро барои як соли дигар муқаррар карда, барои ба аспирантураи ДДМТ супоридани ҳуҷҷатҳоям тавсия доданд. Ҳамин тавр соли 2000-ум ба шуъбаи аспирантура дохил шуда, дар ҷаласаи кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ мавзӯи рисолаи номзадиам таҳти унвони «Аз таърихи таҳаввули қиссаи «Марги судхӯр» тасдиқ ва роҳбари илмиам профессор Аламхон Кӯҷарзода муайян карда шуд. Акнун дар пешорӯям на шахси синос ва ё устоди маъмулӣ, балки устоди роҳнамои илмиам бо номи мубораки Аламхон Кӯҷарзода қарор гирифтанд.

Ҳар нафаре, ки бо устод Аламхон Кӯҷарзода синос ва ё дар робита бошад, хуб медонад, ки аз нахустин вохӯрӣ дар симои он кас наздиктарин шахс, дӯст, рафиқ ва устодашро дармеёбад. Аксари кулли мардум эшонро бо махсусиятҳои олии фазилатҳои инсонӣ – ҳалимӣ, меҳрубонӣ, хайрхоҳӣ, хоксорӣ ва донишмандиашон мешиносанд. Раванди таълифи рисолаи илмиам бо роҳнамоии устод Аламхон Кӯҷарзода нишон дод, ки муносибати эшон дар доираи кори эҷодӣ бо шогирдони бевосита қотеъияти махсусро дар шакли нармӣ доро буда, масъулиятшиносӣ, дақиқназарӣ, воқеънигорӣ ва дар заминаи далелҳои муътамад андеша рондан яке аз рукнҳои аслии фаъолияти устод мебошанд. Яъне, таъсири принсипҳои кори устодашон – домулло С. Табаров комилан дар амалашон намоён мегардад.

Вобаста ба номгузории рисолаи илмиам дар мавзӯи «Аз таърихи таҳаввули қиссаи «Марги судхӯр»-и С.Айнӣ» ва бо мақсади оғоз бахшидани саргардониҳо ва дарки амику решагии муҳтавои талаботи рисола аввалин иқдому ғамхории

пешина
аз 226
навбатӣ