Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз сӯи дигар, амалу ҳаракатҳои нек, заҳматҳои пайдарпай, маҳсули пурсамари илмӣ, ниятҳои хайрхоҳонаву падарона ва зоҳир намудани падидаҳои ғании гуманистӣ ба шогирдону атрофиён устод Аламхон Кӯҷарзодаро ба ҳамагон ҳамчун шахси азизу муътабар ҷилвагар намуд.

Чӣ тавре ки дар боло баён доштам, аз соли 1995 дар баробари донишҷӯ будан роҳбарии Ташкилоти ҷавонони ДДТ, баъдтар ДДМТ-ро ба зимма доштам. Аз рӯи нишондоди замон маълум аст, ки дар ин давра вазъи сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар ниҳоят мураккаб буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра ба хотири муттаҳидиву муаррифии миллат роҳандозӣ ва таҷлили муҳимтарин санаҳои таърихиву фарҳангиро амалӣ менамуд. Аз ин рӯ, фаъолиятам ҳамчун масъули ҷавонони донишгоҳ дар ин давраҳо шабонарӯзӣ бо ҳамроҳии донишҷӯён ба ҳамин чорабиниҳои воқеан тақдирсоз равона шуда буд. Ва қариб ки аз мутолиа ва афкори илмӣ бенасиб мемондам. Бинобар маҳдуд будани имконият ва ба таври лозимӣ майл накардан ба доираи илм ҳис мекардам, ки ин муносибат домулло С. Табаровро мушаваш менамуд.

Ниҳоят, моҳи сентябри соли 1999 домулло маро ба наздашон даъват намуданду коғазеро ба дастам доданд. Таъкид намуданд, ки: «... То охири моҳ ба ту муҳлат. Рав! Лекин бо конспект наздам ҳозир шав!» Ҳамин тавр, аз наздашон хориҷ шудам. Вақте ки ба қоғаз нигаристам, якчанд асари устод С. Айнӣ дар он дарҷ ёфтааст ва дар поёни қоғаз чунин сабт буд: «Хоҳиш, 100 000 бор хоҳиш, 1 000 000 бор хоҳиш, бо диққат хонед!!!».

Талаботи домулло сари вақт аз рӯи нишондод иҷро ва имтиҳон дар наздашон бо сарзанишҳои зиёд супурда шуд. Ин навбат рӯйхати дигареро ба нишондоди асарҳои конкретии С. Айнӣ, А. С. Пушкин, В. Шекспир, О. Балзак, Н. В. Гогол, С. Шедрин ва Ҳоҷӣ Содиқ Ҳидоят пешниҳодам сохта, дастур доданд, ки ба амалу ҳаракат, хислату характер, олами ботинӣ

пешина
аз 226
навбатӣ