Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

доштаашон боз ба таълифи асару барномаҳои зерин камар банданд:

  1. Нақди матни осори С.Айнӣ (Дарси махсус барои факултаҳои филологияи мактабҳои олӣ). — Душанбе: ДДМТ, 2000. — 154 с.

  2. Матншиносӣ (Барномаи дарси интихобӣ барои шуъбаи ғоибонаи факултаи филология, курси V). — Душанбе, 2000. — 42 с.

  3. Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С.Айнӣ. — Душанбе: Матбуот, 2002. — 270 с.

  4. Матншиносӣ (Барномаи дарсҳои лексионӣ ва амалӣ). — Душанбе: Диловар - ДДМТ, 2005. — 16 с.

Зиёда аз ин беш аз 25 асару мақолаҳои алоҳидаи арзишманду бунёдӣ вобаста ба муҳимтарин паҳлуҳои илми матншиносӣ аз ҷониби устод А.Қӯҷарзода маҳз дар давраи фаъолияташон дар ДДМТ ба табъ расиданд. Устод А.Қӯҷарзода барои монографияи «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С.Айнӣ» дар озмуни Иттифоқи нависандагон соли 2003 ба Ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ сазовор ва соли 2008 барои саҳми арзандааш дар илми тоҷик ба унвони фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамчунин устоди заҳматпеша ва қадршинос Аламхон Қӯҷарзода тӯли ҳаёти то ин вақт сипарӣ намудашон ҳоло дар ҷодаи пешаи хеш анъанаҳои неку сангини устодаш С.Табаровро тақвияту идома бахшида, дар давраҳои гуногун ҳамчун рамзи сипосу эҳтиром оид ба шахсият ва фаъолияти эҷодии ӯ «Ҳамсоли республика» (1974), «Ҷашни камолот» (1974), «Пайванди ақлу дониш» (1984), «Мунаққид ва омӯзгори барҷаста» (1994), «Ҳомии илми фарҳанг» (1994), «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар» (1999), «Табаров ва масъалаҳои матншиносӣ» (2004), «Муҳаққиқи нақди матн» (2004), «Саҳми муносиб дар айнишиносӣ» (2005), «Научно-литературная школа Сохиба Шухратиевича Табарова» (2008).

пешина
аз 226
навбатӣ