Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

УМАР ҲОФИЗ, КИ ДАР ҲОЛАТИ МАРГ
УМАРИ ДУЗДРО БА ОҒӮШ ГИРИФТА БУД...

Умар Ҳофиз ба андешаи пурпечу амиқтар рафта буд: «Дар интизори рӯзҳои сахттар ҷое камин гирифта биншинад? Камин гираду Умари Дузд варо наёбад? Вале шогирдони варо хоҳад дарёфтан, дӯстони варо хоҳад дарёфтан, писархонди вай Мирзои Навозандаро хоҳад дарёфтан. Хоса, ки Мирзо бача асту тулонӣ дар ҷое пинҳон шуданаш осон не ва барои ин шояд сабру тоқаташ нарасад. Ҳуллас Мирзоро хоҳад дарёфтан Умари роҳзан, Мирзое, ки ягона таскини дили садпораи Умар Ҳофиз гардидааст...»

Ҳанӯз бемору беҳол буд Умар Ҳофиз, вале дигар ба бистари беморӣ хобида наметавонист.

Нооромии дил варо акнун рӯи ҳавлӣ пасу пеш мебурд, пасу пеш меовард.

Ин ҳамарӯза идома меёфт.

Вай акнун гӯё барои аз по фитодану мурдан не, балки барои кадом кори ҷиддӣ ва баробари ин басо хатарбор омодагӣ мегирифт ва ё ҷисму фикри худро ба он тайёр мекард. Гӯё ба набарди охирини зиндагиаш рафтанӣ буд. «Шерон ҳам пеш аз мурдан ба набарди охирин мерафтаанд ва дар набарди охирин дилашон мекафидааст ва ҷон ба ҷаббор месупоридаанд» — аз куҷое хонда буд Умар Ҳофиз ин маъниро.

Ва ӯ, ки тамоми умр шерона зиста буд, ҳоло низ заифона мурдан намехост...

Аз байн мегузаштанд рӯзҳои дигар.

Умар Ҳофиз ниҳоят ғайб зада буд ва маълум гардид, ба кофтукови Умари Дузд ва дастаи мусаллаҳи вай рафтааст. Ин пурмуаммо ба тасаввур мерасид. Зеро бо чанд аробакаши ҷонсахт рафта буд Умар Ҳофиз алайҳи дастаи дар шумора зиёди

пешина
аз 194
навбатӣ