Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Фақат қариби шом Ибни Ямини солҳӯрда боз аз пеши роҳамон пайдо мегардад ва моро даъват мекунад ба ҳавлиаш ва андешаҳои моро ба маҷрои дигар мекашад:

  • Умар Ҳофиз аз авлоди Зебопарӣ буд, - мегӯяд оҳиста вай. - Қабри Зебопарӣ дар мазори Қалъачаи Исфара...

Вале ин қабр вайрон нашудааст ва гирдаш деворча бардошта, ин ҷоро зиёратгоҳ кардаанд. Баъди зиёрати ин қабр, рӯзи дигар, сӯҳбати мо доири авлоди пешинай Умар Ҳофиз, яъне Зебопарӣ гел мезанад.

Албатта, ҳар кас номи Зебопариро бишнавад, гумон мекунад вай зан бошад. Ва мо ҳам сари чунин гумон омада будем дар нахуст.

Аммо Ибни Ямин бо ҳикояти худ фикри моро дигар мекунад:

  • Шоҳи Хӯканд (Куканд) - Худоёрхон одат дошт муқаддам аз корҳои давлатӣ сари субҳ ба саҳни аркаш баромада, он ҷо гардиш намуда, андешаҳояшро ҷамъ оварад. Ана ин пагоҳ, овозе ба гӯшаш расид, ки он аз дуриҳои дур меомад. Гӯё марде тарона тараннум мекард. Овози таронагӯ Худоёрхонро сеҳр намуд, беихтиёр аз гаштугузор боздошт. Саме ки овоз ғайб зад, Худоёрхон аз худ пурсид, ин лаҳни аҷиб ба кадом дахл дорад? Ба ягон ҳофизи дарбори худаш дахл дошта бошад магар? Не, чунин овози дилрабо надорад яке аз овозхонҳои дарбори худаш.

Худоёрхон хизматгоронро даъват намуд ва фармуд, ҳофизи ношиносро дарёфта биоваранд.

Аммо хизматгорон, ки лаҳни овозхонро нашнида буданд, аз ин ваҷҳ, бо соҳиби он ҳамгап мешуданд ҳам, шинохтанашон амре буд муҳол. Вале «гуфтаи шоҳ воҷиб аст» гӯён аз паи ҷустуҷӯ рафта буданд.

Факат соҳиби овосро дарёфта ва оварданашон муяссар нагардид.

Вале рӯзи дароз андешаи Худоёрхон аз ин овоз канда намешуд, яъне аз овози ғайбие, ки сабоҳ аклу ҳушашро дуздида буд...

Худоёрхон охири шаби дигар аз муқаррар барвақт бархост,

пешина
аз 194
навбатӣ