Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

фақат чанд қабри кӯҳнааш ба назар мерасад. Зеро қисматҳои асосии қабристонро яқин солҳо пеш вайрон кардаанд, яъне давроне, ки беҳудой (атеизм) пирӯз буда, зеро он айём қабристони гузаштагон ва хоса муслимин бо ин баҳонаву он баҳона аз миён бардошта мешуд ва ё зери по мегашт ва хору зор мегардид...

Ғайбуллошайхи мӯйсафед ба каҳдону оғили гӯшаи ҳавлие, ки мисли чанд ҳавлии дигар дар ҷои қабристони собиқа бунёд ёфтааст, ишора намуда, илова мекунад:

  • Қабри Умар Ҳофиз ҳамин ҷо буд... - ва оҳи сард кашида, хомӯш мемонад.

Ва мо ҳам ба фаҳми он мерасем, ки чаро ҳангоми ба зиёрати қабри Умар Ҳофиз майл карданамон мӯйсафед Ғайбуллошайх тарафамон пурмаъно нигариста буд, чаро ваҷоҳаташ дигар шуда буд. Яъне, ҷойи қабри Умар Ҳофиз огиле ва каҳдоне шудааст!... Гардиши талхи дунё!...

Ҳоло бошад дар гӯшаи боқимондаву кӯчаки қабристони собиқа касе аз мо ёрои ҳарф задан надорад ва ҳама амсоли мӯйсафед Ғайбуллошайх пакар мондаем...

Фақат баъди аз қабристон баромаданамон пирамард Ғайбуллошайх, ки гармию сардиҳои дунёро зиёд дида, ширинию талхиҳои онро басо чашидааст, боз қувват пайдо намуда, канда-канда ва хаёломез ба забон меоварад:

  • Умар Ҳофиз пеш аз маргаш гуфта буд, ки «вақташ меояду ба қадри ман барин одамон мерасанд, ба кофтанам меоянд, аммо қабрама наёфта, ангушти ҳайрат мегазанд...» Он вақтҳо, баъзеи мо инро ҳазён ва ё андешаи гузарони инсон гумон мекардем... Ана, акнун одамони бисёр ба суроқи Умар Ҳофиз ва хоки вай меоянду аз дилам мегузарад, ки ин мардак дар замираш ягон чиз доштааст, ки чунин пешгӯй карда метавонистааст... - мӯйсафед Ғайбуллошайх аз нав сукут мекунад ва ба худ фурӯ меравад.

Боқимондаи рӯз, бо асои Умар Ҳофиз, дар кӯчаяю тангкӯчаҳои Исфараи қадима қадам мениҳем, аммо акнун ёрое намекунем, дигар ба ҳавлие дароем ва аз касе чизе пурсида бошем.

пешина
аз 194
навбатӣ