Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
шуданд ва гумон доштанд, Мирзо ҳам худашро ба ягон тараф партофта, гурехтааст.
Дар як чашм кушода, пӯшидан атроф чунон холӣ гардид, ки гӯё ҳаргиз ин ҷо касе набудааст.
Аммо Мирзо, ки чунин талотум ва ҳуҷуми ногаҳонро ва чунин якбора холӣ гардидани атроф ва зиндагиро бори нахуст ба мушоҳида гирифта буд, сарҳисобашро гум кард ва болои бом шах шуда монда буд. Атрофиёни гурехта ҳам варо якбора фаромӯш карда ва ё аз назар гум намуда буданд. Қорӣ Носир бошад гумон дошт, бачаяк Мирзо, аллакай гурехта, куҷое пинҳон шуда, аз чашм ноайён гардидааст.
...Аммо Мирзои кӯчак монда буд болои боми баланд ва сарҳисобашро гум карда буд.
Савораҳо бо сарварии Умари хунхора, ки барои санъаткорон ва навозандагон ва мақомхонон нишонаи ҷаҳолат ва марги яқин буданд, мутассил, балки бошаст наздик меомаданд.
Барои Мирзо бошад дигар илоҷи фаромадану гурехтан набуд, аз ин боис якбора худашро бо шикам партофт ба болои бом.
Садои суми аспон бо шаст ба иморати баланде, ки Мирзо болои он бо шикам дароз кашида буд, расида, суст гардида истоданд.
- Онҳо болои ҳамин иморат буданд, - овози дагал омад аз поён. - Баромада бинед болои бома! Касе, ки бошад кашида фароред; навозанда бошад дастонаш, хонанда бошад забонашро кӯтоҳ мекунам!... Хоса барои ман зарур писархонди Умар Ҳофиз. Номи ун бача Мирзо буд-а? Дастони варо буридани ман, забонашро ва гӯшҳояшро кӯтоҳ карданиам, хунашро ҳам ошомидани ман. Хуни ҷӯшони варо. Чунин хун барои ман лозим барои истеъдоди нав дарёфтан!
Аз ин гуфтаҳо ва аз дағалии овоз ва оҳанги дӯғу даранги он Мирзои болои бом барои худаш маълум карда буд, ки ин ба Умари Дузд дахл дорад.
Ба тани Мирзо мургак давида буд, чунон ки гӯё аллакай болои бом баромада, варо дарёфта, кашида поён фароварда бошанд ва ӯ монда бошад гӯё бе ангушт, бе даст, бе гӯш, бе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё