Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
иморат қудрату ҳиммату ақлу тамизаш намерасида ва дар ягон бунёдгарии дигар фаросоташ намерасида, ягона роҳу илоҷе, ки дарёфта буда, ҳамин будааст, ки кӯшки азими пур аз чӯбкориву мунаққашро оташ дардода бошад. Ин кӯшки азими дунё, ки чил сол сохтумонаш идома дарёфтаву ба итмом расида буд, дар чор соати оташпеч сӯхтаву аз ҳам фурӯ рехта буд...
Ва аҷиб, ки дар таърих на танҳо номи бунёдкори азими ин кӯшки азим монда буд, балки ҳамчунин монда буд номи оташдиҳандаи он барои ояндагон.
Амсоли оташдиҳандаи кӯшк Умари Дузд, ки дар овозхонӣ ва мақомдонӣ ва мақомхонӣ ва ҳамчунин навохтани мақом истеъдод зоҳир карда наметавонист, вале дар таҳқиру куштани мақомдон, мақомхон ва мақомнавоз истеъдоди беҳамто зоҳир мекард ва онҳоро ҳар ҷо, ки тавонад мекушт, ё ҳеҷ не, даст мебурид, ё забонашонро кӯтаҳ мекард, ки на овозхонӣ карда тавонад, на навогарӣ. Умари Дузд бо ин ҳама дар қатори санъаткорон мондан мехост дар таърихи маҳал. Бале қатори санъаткорон мондан мехост оне, ки санъаткор шуда натавониста буд баъди кӯшишҳои зиёд. Балки Умари Дузд ба ин касалии шадид гирифтор шуда буд амиқан ва ҷиддӣ.
Шабе ба Исфара ҳам ҳуҷум оварда буд Умари Дузд. Яқинан барои бурида бурдани забону ангуштон ва дастони худи Умар Ҳофиз омада буд бо дастаи худаш Умари Дузд бар ин ҷо.
Вале дарнаёфта буд Умар Ҳофизро аз хонааш, ки корвонбошӣ бо аробакашҳои дигар ҷониби вокзали роҳи оҳани Канти Бодом мевақоқ бурда ва аз он ҷо колоҳои дигарро ба кадом деҳистони дури Канти Бодом интиқол бояд медода. Хуллас кай ва кадом рӯз бармегаштааст, маълум набудааст.
Вале Ӯмари Дузд дар ин шабистони ҳуҷум карданаш яккаписари Умар Ҳофиз, яъне Халифаро, ки баъди интизориҳои зиёд аз зани дуюм — зани дӯстдошта рӯида буд, пеши назари ин бону, дасту забон бурида буд, то мабодо писарак амсоли падараш оянда овозхону навогар шуда тавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё