Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Даҳшату бераҳмӣ модари бачаякро, яъне Умар Ҳофизро, ки бо Умари Дузд барои халосии писараш кашокаши зиёд карда буд ва рухсори Сарвари яғмогаронро харошида ва газида хуншор карда буд, ба зарбу лати шадид гирифтор гардонд. Ин бону, ки дар батнаш фарзанди дигар ҳам дошта будааст, дар ҳолати ногувор ва бад гирифтор гардида, балки беҳушу беёд мешуд ва ӯро бо сад азобе одамони ба ёрӣ расида ба худ овардан мехостанд...

Умар Ҳофиз бехабари ин ҳама рӯйдод буд, вале кадом хавотирие ҳамчун оташаке аз таҳи дил бархоста, саропои варо печонида, месӯзонд, аз ин боис вай корҳояшро ба охир нарасонда, ҷимбуд партофта, тарафи Исфара аспу ароба тозонд.

Ҳама рӯйдоде, ки дар Исфара, дар хонадони худаш дид, барои Умар Ҳофиз сахттарин зарба буд. Балки зарбаи ғайричашмдошт ва ҷонкоҳ буда дар ҳаёташ.

Бо вуҷуди ин Умар Ҳофиз ҳама корро кард, то писараш Халифаро наҷот дода тавонад. Ин бача ҳарчанд забону дастонаш бурида шуда буд, вале Умар Ҳофиз мехост, Халифа дар амон монад ва мехост тамоми умри боқимондаро бахшад ба ин писарак ва модари вай — ба зане, ки аз барои ӯ — барои Умар Ҳофиз шуда, ба чунин кулфатҳо гирифтор гардидааст.

Вале ҳарчанд Умар Ҳофиз табибони беҳтаринро овард ва ё табибони беҳтарин худашон шунида, барои мадад расида омада буданд, вале аҳволи писарак беҳ намегардид, хосатан, ки ғайри захми ҷонкоҳи забону даст, бачаяк ваҳмзада гардида буд ва ин кори дили варо номураттаб ва хатарбор мегардонд...

Ҳамаш ба он кашид, ки писарак дар ниҳояти ниҳоят аз дунё даргузашт.

Модари вай — зани Умар Ҳофиз аз ин ба ҳоли табоҳтару бадтар гирифтор гардид, фақат то гузарондани маросими ҳафтии писараш зинда монд.

— Мехостам Шуморо... — Умар Ҳофизро дар назар дошта, пичиррос зада буд занак, — хушбахт гардонам, хоса бо овардани

пешина
аз 194
навбатӣ