Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Хулосабарориҳои Умари Дузд амсоли рафтору кирдораш шӯридагӣ ва девонагии печидае дошт.
Вале ин амали Умари Дузд ҳамноми вай Умар Ҳофизро ба азоби ботинии зиёд андохта буд.
Албатта, ба санъаткорон таҳдид кардану ҳуҷум овардани ину он дар таърих буданд ва инҳоро Умар Ҳофиз медонист. Медонист, замоне ангуштони пуръэҷози Борбади Навогарро бурида буданд ва ё худи варо ба ин кор водошта будаанд. Ва ё подшоҳе замоне асбобҳои навогариро ва навохтани онҳоро маън карда ва қисмате аз ҳунармандон ба шӯр омада, бо тарзи исён ва эътироз асбобҳои наворо ба тобут андохта, назди қасри подшоҳ оварда буданд. Подшоҳ бошад ба ҷойи онҳоро дарк кардану гузашт намудан, фармуда буда, ки «мурдаҳои андаруни тобутҳоро, яъне асбобҳои мусиқавии мардумро бурда, дар қабристонҳо гӯр кунанд ва ҳамроҳи онҳо исёнгарони навоҷӯро ҳам зинда ба зинда зери хок созанд, яъне касоне, ки ба нишони эътироз пиромуни қасри подшоҳ омадаанд дасту по банданд, ба гӯрхона андохта, аз болояшон хок кашанд...
Умар Ҳофиз боз хонда буд, ки дар баъзе кишварҳо ва хоса дар аморати Бухоро қозиҳое, ки аз ҷониби манғитиҳои узбак таъин мешуданд, яке аз супоришҳои аввалия, ки мегирифтанд, асбобҳои мусиқавии тоҷикиро ва навохтани онҳоро ва тараннуми шашмақомро то ҳадде, ки мумкин бошад, маън кардан буд ва хосатан дар мадориси кишвар ва хосатан дар мадрасаи аз ҳама азими Бухоро—Мири Араб...
Акнун бошад Умари Дузд ба ин монанд бедодиро такрор мекард. Балки баъзан аз рақибону душмани собиқаи созу суруд гузаштан мехост, хосатан дар соҳаи маҳв кардан ва аз миён бардоштани санъаткорон ва бо ин номашро дар таърих нақш кардан нияти минбаъдааш шуда буд. Ин ба амсоле буд, ки мулкдоре чил сол қувват ва мавод сарф намуда, кӯшки азиму мунаққаш бунёд сохта, ки дар рӯи замин ҳамто надоштааст ва бо ҳамин номашро дар таърих мондан мехостааст, аммо каси дигар, ки мехоста номаш ҳамчунин дар таърих монаду оянда мардумон фаромӯш накунанд, аз боисе, ки дар сохтану бунёди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё