Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ба қаҳр ва кина бадал меёфтааст ва аз замираш исён мехестааст, ки: «чаро Умар Ҳофиз метавониставу ман, ки ҳамноми вай, наметавонистаам?!» Ҳуллас ба ҷойи он, ки аз худаш ва аз бехунар буданаш дар овозхонӣ ва навогарӣ гиламанд шавад, баръакс нисбати Умар Ҳофиз, балки нисбати ҳама ҳофизон ва навогарон дар дил кину нафрин мегирифтааст, балки ин кину нафринаш афзун мегардидааст. Ҳуллас Умари Дузд, ҳарчанд дар санъаткорӣ истеъдоди фитрӣ надошта будааст, вале дар чизи дигар, яъне дар рашку ҳасуд ва зулму бедодӣ истеъдодаш беҳамто будааст. «Вақте ки ман ҳеҷ чиз нашудам, бигзор дигарон ҳам нашаванд!»—ҳамин хел шиор дарёфта будааст барои худ Умари Дузд, ки ба ҳунармандони санъати нафиса бадбинии беасос пайдо карда ва бе ҳеҷ асосе онҳоро душмани худ эълон карда будааст. Балки ин як касалии бедаво мешудааст дар ҳастии Умари Дузд. Хоса, ки ба таъқиби шогирдон ва пайравон ва ҳаводорони ҳамноми худаш—Умар Ҳофиз зиёд ҷаҳд мекардааст, яъне дар ин масъала «истеъдоди беҳамто» зоҳир мекардааст. Ва одамони амсоли худаш ҳасуду бахилро гирдаш ҷамъ оварда, зидди ҳунармандони соҳибистеъдод, ки дар Исфаразамин зиёд будаанд ва ҳар ҷо обрӯ ва шону шукӯҳи хос доштаанд, бархоста будааст.

-«Бинанд-а, ин ду нафар Умар ном доранду вале яке (Умар Ҳофиз) дар хизмати мардум будаву, дигаре (яъне Умари Дузд) чӣ тавр марги мардумон мегардида?...»
Қиёскунӣ миёни мардуми Исфара зиёд мешуда.

Ва гӯянд, ки девор муш дораду муш гӯш. Ин суханҳо, албатта, бо роҳҳои гуногун ба гӯши Умари Дузд расида ва ё расонида мешуда ва ӯро ба ҷойи ба андешаву ислоҳ кашидан бештар девона мекарда. Ва роҳи паст кардани овозаро Умари Дузд дар ҳамин медида, ки Умар Ҳофизу наздикони ӯ ва умуман созандагону овозхон ва ҳунармандонро аз байн бештар мебардошта. Гумонаш чунин шуда буда, ки ин ҳунармандони баистеъдод набушанд, даҳони халқ баста мешавад, қиёскунӣ аз байн меравад.

пешина
аз 194
навбатӣ