Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

ҷузъи онҳоро, як нафари баистеъдоди онҳоро касе кушта, ки ҳамноми худаш буда.

«Умар кушта Камолиддинро» — вақте ки ин суханро мешунид, ҳастии Умар Ҳофиз виччиррос зада мегузашт. Балки аз ҳиҷолат дарун-дарун меларзид вай.


...Сабаби бесарӣ карда, донандагони шашмақомро ва ҳунармандону санъаткоронро яке пайи дигар куштани Умари Дузд, бо ҷузъиёти бештараш муайян мегардид: яъне Умари Дузд як вақтҳо орзуи дар Шашмақом ягонаи даврон шуданро дошта буда ва ба худ мегуфтааст, ки: «чаро Умар Ҳофиз ҳамноми ман бошаду мақомхонӣ карда тавонаду чаро, ки ман натавониста бошам?» Ва даме ки бо дастаи дуздони тобеи худаш молу маводи мардумро ғорат намуда, дар ягон гӯшаи орому хилват базмҳои осмонкаф оростанӣ мешуда, чун шикамаш беҳад сер ва кайфаш баланд мегаштааст, ҳис мекардааст, ба ин базми хосаи вай намерасад суруда, намерасад чагона, аз ин боис зӯр зада, тараннум кардан мехостааст, ҳарчанд овозхониаш таваҷҷӯҳи касеро ба худ кашида наметавонистааст, ҳатто боиси писханди пинҳонии баъзе мегардидааст ва ӯ ин ҳамаро пай бурда, аламаш

пешина
аз 194
навбатӣ