Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Милитсионерҳо Умари Дуздро фаромӯш намуда, тарафи Камолиддин рафтаанд. Вале ба оташи шадиди тирпарронӣ гирифтор гардида, ақибшинӣ кардаанд.
Баъдтар, вақте ки бозпас, ин ҷоро ба даст дароварда будаанд, дасту забони Камолиддини тирхӯрда ва он ҷо мондаро бурида дарёфтаанд ва карахт шудаанд. Сипас бо ғазаби бештар оташи шадиди ҷавобӣ кушода, паррон-паррон ба ин хонадон ворид гардидаанд. Вале Умари Дузд ва ҳамроҳонашро он ҷо дарёфта натавонистаанд, зеро онҳо гурехта тавониста будаанд...
Милитсионерҳо Камолиддинро ҳадаха тарафи Исфара овардаанд. Вале дар роҳ, аз рафтани хуни зиёд, вай ҷон додааст.
Албатта, дар дунё, аз ғаму андӯҳ, бори гарон нест ва барои онро бардошта тавонистан, рӯзи мотам, мардуми кӯҳистон, миён мебандад. Ҳоло дар мотами Камолиддин қатори Асомиддини хурмоириш боз Қорӣ Носиру аъзоёни дастааш ва Умар Ҳофиз миён баста буданд, яъне онҳо низ худро соҳибмотаму соҳибдард мепиндоштанд. Мирзои кучак ҳам ба онҳо пайравӣ намуда, аз болои ҷомаи оҳарии ба вай пӯшонидаи Умар Ҳофиз футта барбаста, қатори мотамдорон рост меистод.
Пасон тобути Камолиддинро ҷониби чойхонаи Лола овардаанд. Зеро Камолиддин узви дастаи мақомнавоз ва мақомхони чойхона буд ва ин ҷо коргоҳи дуюмаш, балки ҷои аз ҳама писандидаи вай ба ҳисоб мерафт... Вале акнун ин ҷо ҷанозаи варо мехонданд мардуми зиёд.
- Аз Камолиддин санъаткори беҳамто мебаромад, - мегуфтанд мардуми ҷамъомада. - Аммо афсус, ки истеъдод ва ҳунарашро ба хок мебарад. Балки ин истеъдоду ҳунарро Умари Дузд фано додааст.
Умар Ҳофиз сарашро бештар ҳам мекард, зеро Камолиддини баистеъдодро касе кушта буд, ки ҳамноми худаш буд, яъне Умар ном дошт.
Хосатан вай ба Асомиддин, ин устои беҳамтои аробаҳои корвони худаш нигариста наметавонист, ки писари азизу баистеъдоди варо Умари ҳамноми худаш куштааст. Ба Қорӣ Носиру аъзоёни дастааш низ нигаристанаш душвор буд, ки як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё