Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Шояд савдогар бенишон гардида ва ё дар манзилҳои дур зиндагӣ ихтиёр карда ва ё дар ун ҷоҳо умраш бо таври фоҷиавӣ ба охир расида буд, ки ба сари тоҷирон ҳарчӣ омаданаш аз эҳтимол дур набуданд дар олами пурпечи хатарбора.
Ва Умар Ҳофиз ҳам дар хиҷолат буд, ки то ҳанӯз гиҷчик насмада ва ба дасти Қорӣ Носир нарасидааст. Ва Умар Ҳофиз баъди андешаҳои амиқ гуфт:
-Як-ду моҳи дигар тоқат мекунаму гар аз ун савдогар дарак нашавад, ман пули туро худам баргардонида медиҳам, Қорӣ Носир. Нашавад, аспу аробема фурӯхта маблаге, ки барои савдогари рафта бурда супоридаам, ба ту бармегардонам.
-Чаро савдогар гирифта бошаду шумо бармегардонед?-суол медод Қорӣ Носир. Ва пасон меафзуд:-Асли гап дар он, ки ман дар масъалаи гиҷчаки нав шояд толеъ надошта бошам. Набошад гиҷжак кайҳо бо пойи худаш меомад ва ба ин ҷо мерасид. Дар масъалаи пулҳо бошад ман ҳаминро мебинам, ки дар қисматам будааст ва ё навишта шудааст.
-Нее,-над мекашид корвонбошӣ оҳиста.-Умар Ҳофиз дар умри сараш ҳаққи касеро нахӯрдааст, аз пайи фиреби касе хиҷолатро бардошта нагаштааст. Барои ҳамин ками дигар тоқат мекунему агар савдогари ваъдакарда наояд ва ё аз омадаш дарак нашавад, ё гиҷчак ва ё пули туро наоварад, он гаҳ, ман аспу аробама фурӯхта, пулатро бармегардонам. Зеро миёнрави ин савдо ман будам ва аз ҳамин сабаб ҷавобаша ман медиҳам!
Ҳафтаҳо мегузаштанд боз аз миён ва ба моҳи дигар бадал меёфтанд...
Аз савдогари рафта ҳанӯз дарак намешуд.
Ба назар мерасид, вай ҳаргиз барнамегардад ин тарафҳо.
Вале гуфтаанд, ки «аз ноумедиҳо басо умед асту охири шаби сиёҳ сапед аст»; зеро савдогари рафта баногаҳ падид омада буд. Ҳарчанд, баъзе ҳанӯз гумон мекарданд, савдогари баргашта мегӯяд: «дар мусофирати дур корам омад накарда, муфлис шуда, пули гиҷчаки Қорӣ Носирро ҳам катори маблағҳои худам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё