Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
нахарам ва даст нагирам дигар ором ёфта наметавонам, - Қорӣ Носир гӯё бачаяк Мирзо калонсолу ҳамдилу ҳамфикри худаш бошад бароиш чунин мегуфт.
Ниҳоят Қорӣ Носир пулҳоро шумурида, аз нав ба футта печонда, ишкелаки футаро ба даст андохта, аз кулба берун шуд...
Вақте ки Қорӣ Носир баргашт, футта холӣ ва аз нав ба миёнаш бастагӣ буд. Вале мамнун метофт Қорӣ Носир ва шукуфо буд ва изҳори медошт, ки пулро ба Умар Ҳофиз бурда ва дода. Зеро Умар Ҳофиз ун савдогари фарғоназаминро медонад, ки ҳар вақт ба мағрибзамин рафта меояд ва пулро ба дасти вай месупорад ва илтимос мекунад, аз кишварҳои дур гиччаки маҳинтани аҷибсохту аҷибовози марғибӣ пайдо карда, харидорӣ намуда, биоварад.
-
Баъзе савдогарон пула гирифта, рӯйрост мункир мешаванд, ки «нагирифтем» - чунин андеша меронданд баъзе аз нафарони дар чойхона буда, ки пули зиёдро бурда додани Қорӣ Носирро шунида буданд. - Ун савдогар боз Шуморо - Қорӣ Носир ва боз Умар Ҳофиза ҳам фиреб надиҳад-а? Охир аз мардуми тоҷир ҳама чиро умедвор шудан мумкин-а...
-
Агар ун савдогар гашта биёяд, гиччак меорад! - мегуфт Қорӣ Носир бо итминони комил. - Зеро дар ин тарафҳо кори вай бе Умар Ҳофиз буда намешавад. Дар водии Фарғона на ҳар кас Умар Ҳофиза фиреб дода ва боз ба чашми вай нигариста метавонад.
Қорӣ Носир дилпур буд, ки барои ин гиччак худи Умар Ҳофиз ба миён даромадагӣ!
Акнун ба умеди омади гиччаки нав зиндагӣ ба сар мебурд Қорӣ Носир.
Рӯзҳо ба ҳафта ва ҳафтаҳо ба моҳ бадал меёфтанд.
Вале аз савдогари рафта, ки Умар Ҳофиз ба вай пулҳои Қорӣ Носирро бурда, супурда буд, то ба ивази онҳо аз сарзаминҳои дур гиччак оварад, дарак намешуд.
Боз чанд моҳи дигар сипарӣ гардида буд дар ин миён.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё