Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

боз тӯлонӣ ба худ фурӯ рафта, пасон ба забон овард:

  • Ман ҳам суруд тараннум мекунам баъзан. Аммо оддию халқианд унҳо, на мисли сурудҳои Шумо. Сурудҳои Шумо баланд, осмонӣ, беҳамто... - Мулло Тӯйчӣ лаҳзае хомӯш монду сипас афзуда буд: - Таганнии сурудҳои қадима, ки шумо тоҷикон мақом меномед, осон не. Барои ин амсоли Шумо овозу истеъдоди хос доштан лозим... - Тӯйчихон «сурудҳои қадима» гуфта, Шашмақоми тоҷикро дар назар дошт.

Умар Ҳофиз беихтиёр хандид: ана чӣ буда тораи нозуке, ки ин ҷавонро ба вай пайваста карда ва пайванд медошта, яъне ин ҷавон амсоли худаш ба созу суруд иштиёқу дилбастагии хос доштааст...

  • Ку, бихон, - фармуд Умар Ҳофиз, ки овозаш акнун ҳаяҷони ниҳон дошт - Аз ҳамон халқиҳот бихон-ку!

  • Назди Шумо сурудан осон не, Умар-ака.

Вале Умар Ҳофиз интизор буд, ки Тӯйчӣ замзама карда бошад аз таронаҳо ва сурудҳое, ки медонаду метавонад.

Мулло Тӯйчӣ чанде тааммул намуда буд ва пасон оҳиста ва бе ҷуръат ба тараннум пардохта буд.

«Овози хуш доштааст, - хулоса намуд Умар Ҳофиз зери дил, - ҷаҳд намояд дар мақом низ кораш омад мекардагист...»

Навбати дигар Мулло Тӯйчӣ аз Умар Ҳофиз, ки ҳамоно варо даъват карда, шабона, ба хонаи худ меовард, тарзи сароиши таронаҳои қадимаро омӯхтан мехост, яъне Шашмақоми тоҷикро омӯхтан мехост.

Ҳамин тавр мегузаштанд мулоқоти ин ду нафар, ки ҳарду баста ва иштиёқманди созу суруда будаанд.

Муқаддам аз он, ки Умар Ҳофиз аз Тошканд ҷониби зодгоҳаш Исфаразамин, бо корвони аробаҳо баргашта бошад, аз чизҳои медонистаи вай, Мулло Тӯйчӣ басо баҳра бардошта, миқдоре аз онҳоро аз бар карда тавониста буд.

пешина
аз 194
навбатӣ