Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

-Мо бояд аз дидори ҳамдигар сер шавем. Зеро одам ғанимат ва ҳар дам ғанимат аст, бародарам, Мирзо!...

Ва Турсунзода чӣ хеле, ки бо дӯстонаш ягон бор сардона вохӯрдӣ намекард, бо онҳо ҳамчунин сардона хайрухуш намекард. Зеро аз рӯи ҳикмати дигари пирони кӯҳистон амал менамуд, ки: «бо дӯстат ҳаргиз сардона хайрухуш макун. Охир кӣ медонад бо вай бори дигар вохӯрда метавонӣ ва ё на?...»

Ҳоло низ Турсунзода муқаддам аз он, ки аз Исфара ба ҷониби пойтахт—Душанбе баргашта бошад бо дӯсти азизаш Мирзои Навозанда, ки ба шахсият ва ҳунари вай эътиқоди хос дошт, бо меҳру ихлоси хоса хайрухуш намуда буд...


Аз байни рӯзҳои зиёд нагузашта, шабе дар оинаи нилгуни ҷумҳурӣ, берун аз барномае, ки пешакӣ эълон гардида буд, мусиқаи «Гиря», ки Мирзои Навозанда айёме ба иҷро расонида ва сабташ дар хазинаи симо ва садои ҷумҳурӣ маҳфуз буд, садо дод. «Гиря» навое буд гӯяндаи падруду ҷудоӣ ва ҳасрати дил ва ашки ботин. Ва зери ин навои қадимаи пургудоз хабари ҷонсӯз интишор гардид, ки шоири халқ, Қаҳрамони Меҳнати Иттиҳоди Шӯравӣ, Раиси Кумитаи шӯравии якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо, дорандаи ҷоизаҳои зиёди байналхалқӣ... Мирзои Турсунзода аз олам даргузаштааст...

Ва боз навои «Гиря» буд...

Мирзои Навозанда, ки ҳоло дар Исфара, чашм аз оинаи нилгун намеканд, аз шунидани ин хабари ҷонгудоз шах шуда монда буд ва баробари навои «Гиря», дилаш нола мекард, донаҳои ашк ба рухсори пурожанги пиршудааш мешорид. Вай барои дӯсти азизаш Мирзои Турсунзода, ки баъди сари Умар Ҳофизу Қорӣ Носир бо вай зиёд шину хез дошт ва хислатҳои начибаш хислатҳои Умар Ҳофиз ва Қорӣ Носирро пеши назар ҷилва медод, ашк мерехт.

Дар симои ҷумҳурӣ дар сӯги Мирзои Турсунзода навои «Гиря» садо медод, ки онро айёме Мирзои Навозанда ба иҷро

пешина
аз 194
навбатӣ