Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

БА РАНГИ ЗАЪФАРОНАМ МЕВАЗАД
БОДИ САБО ИМРӮЗ

Боре яке аз дӯстони Мирзои Навозанда, яъне Мирзои Турсунзода боз ба Исфара омада буд ва дар нишасти чойхона ва базми созу суруда аз Мирзои Навозанда илтимос намуд, аз навои «Насруллоӣ» ҳам навозад. Мирзои Навозанда чунин кард. Мирзои Турсунзода зери асари ин наво ғазале тараннум кард, ки яке аз мисраҳош чунин буд:
«Ба ранги заъфаронам мевазад боди сабо имрӯз».

Ва ин ғазал ба рӯҳияи онвақтай Турсунзода мувофиқ меомад.
Мирзои Турсунзода боз ҳикмати аҷиб зоҳир мекард, ки мӯйсафедони солхӯрдаи кӯҳистон зоҳир кунанд. Яъне мӯйсафедони кӯҳистон одате доранд, ки аз хона бароянду хаёл кунанд, вақти бозгашт ба ҳама аз сари нав салом гӯянд. Аз ин баъзҳо ҳайрон шаванд, ки чӣ ҳоҷат баъди ҳар лаҳза ҳамдигарро дидану аз нав салом гуфтан? Вале андешаву ҳикмати мӯйсафедони кӯҳистон дигар аст: «Мумкин, баъди аз хона баромадан дигар гашта даромада натавонӣ, ё мумкин каси дар хона бударо дигар зинда наёбӣ. Зеро пирӣ чунин «нозу нуз» дорад ва баъзан риштаи умри одам, алалхусус пирамардҳо ногаҳон канда мешавад, аз ин боис гар лаҳзае каси дилҳохро дида натвонӣ, вақти аз нав дидан аз хурсандиву шукр аз нав салом бигӯ. Салом гармии дил бошад, дар он муҳаббати инсонӣ ошён монда. Пас сухани меҳровар дар як рӯз чанд бор бозгӯ шавад ва чанд бор шунида шавад, зарар надорад».

Турсунзода ба одату ҳисоли мӯйсафедони хирадманди кӯҳистон, ки акнун худаш ҳам яке аз онҳо буд, эътимоди хос дошт ва акнун худаш ҳар гоҳ берун равад ва боз биёяд ба нишастагон салом медод. Ва ин хайрухушу салом рӯзе чанд маротиб такрор мегардид.

Боре чун Турсунзода бо Мирзои Навозанда танҳо монданд, шоири халқӣ тӯлонӣ ба навозандаи халқӣ синча карда, изҳор намуд:

пешина
аз 194
навбатӣ