Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

НИГОҲҲОИ БАРИ ЯКТАҲИ САФЕД
ВА Ё
ЧАШМОНИ АХТАРӢ

То чӣ дараҷа эътибор пайдо кардани театрро аз ҳамин низ аниқ намудан мумкин буд, ки ҳарчанд духтарому занон, он солҳо, банди расму таомул, дар ҷойи будаи мардони бегона нишаста ва ё қариби онҳо буданро раво намедиданд, бо вуҷуди ин, аз тамошои театри пур аз мард намемонданд, ин ҷо меомаданд, паси ҷавоному мардон ҷой гирифта, аз роғи фаранҷию рӯймолҳои калону паҳни сарашон ба саҳна дида медӯхтанд, аз намоиш баҳра мебардоштанд.

Мирзо, ки дар канораи саҳна чорзону зада, гоҳ бо гиччак ва гоҳ бо дутор ва гоҳ бо танбур ва гоҳ бо лабҷанг барои намоиш наво ба иҷро мерасонд, аз роғи яктаҳи сафеди ба сар партофтаи кадом бонуе як ҷуфт чашмони аҳтармонандро эҳсос мекард. Зеро, ин чашмон варо мудом таъқиб менамуд. Мирзо бошад, инро иштиёқи мухлисона гумон менамуд ва аз ин зиёд не...

Вале боз намоишҳои оянда буду пинҳонӣ поидани чашмони аҳтарӣ аз бари саргираки сафед.

Мирзо ҳанӯз инро аз иштиёқи мухлисона зиёд намедонист...

Вале масалест, ки мургон забони мургонро бидонанд. Ва занони рӯзгордида низ аз майдатарин ҳаракати духтарони наврас тавонанд муроду хости ниҳони онҳоро пай бубаранд. Чунончӣ, рӯзе бибии Мирзо барои вай гуфт:

  • Ба хонаи усто Мақсуди Дуредгар рафтаниам ба хостгории духтараш... Зеро сину соли ту, Мирзо, кайҳо ба зангирӣ расида вале тарадуди ин корро надорӣ, - ва афзуд, - Дер оиладор шудан барои мардони мо бегона, Мирзо.

Модаркалон боз илова карда буд:

  • Ва гар худи ман - бибият ба миён надароям, аз афташ, кор пеш намеравад, Мирзо.

Ва Мирзо ҳайрон буд, ки чаро бибӣ ба ҷойи дигар нею маҳз

пешина
аз 194
навбатӣ