Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

пешакӣ билет харида, чанд рӯзе интизор мешуданд, то навбати ба театр даромаданашон расида бошад, ҳол он, ки ин ҳама дар ягон театри маъруфи маркази вилоят ё ҷумҳурӣ неву балки дар як театри музофотии аз марказҳои фарҳангӣ дур ба амал меомад.

Мардуми Исфара, ки шабона аз назди театр мегузаштанд, беихтиёр қадамашонро суст карда, меистоданд. Ҳарчанд гуфтори ҳунарпешагон аниқ ба гӯшашон намерасид, лекин овози мусиқаи Мирзо барҷало шунида мешуд. Роҳгузарон зӯр зада, аз маънои созу наво рафти ҳодисоти намоишро дарку муайян намудан мехостанд. Ин созу наво ба онҳо таъсир мерасонд, дар дили онҳо ҳавасе пайдо мегардид, ки маҳз ин лаҳзаот намоишномаро тамошо карда бошанд. Агар роҳгузар одами калонсол бошад, албатта, то рӯзи ба театр даромаданаш тоқат мекард, аммо бачаҳо то рӯзи дигар ҳам сабр карда наметавонистанд — зеро хусусиятҳои хоси худро дорад синни бачагӣ. Аммо бачаҳоро ба театри аз одамон пур даромадан намемонд дарбон. Аз ин ваҷҳ бачаҳо ба дарахтони баланди атрофи театри рӯкушод часпида мебаромаданд ва миёни шохсорони он ҷо истода, намоишро тамошо мекарданд ва гар он ҷойҳоро бачаҳои дигар аллакай «банд» карда бошанд, воситаи охиринро истифода мебурданд, яъне ин наврасони ҷойнаёфтаи атрофи театр андаруни ҷӯйи пуроб даромада, таг-таги бинои театр каме рафта, яке аз тахтаҳои фарши онро, ки мехашро худашон пешакӣ лиқонак ва суст карда буданд, бардошта, танашонро ноайён боло мегирифтанд. Тану либосҳошон аз оби ҷӯй шип-шилта гардида, дасту пошон харошхӯрда мегашт, вале ин ҳамаро ба зудиҳо фаромӯш карда, аз чашми дарбон ниҳонӣ ба кунҷаке хазида, ба тамошо дода мешуданд ва дере нагузашта ғайри амалиёти намоиш ва қисмати қаҳрамонони он ҳама чиро ва ҳатто худро фаромӯш мекарданд...

пешина
аз 194
навбатӣ