Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳофизи ғайбӣ набояд ин чутури нозебо бошад!...

Худоёрон, ки ҳанӯз аз ин марди бадхайбат чашм намеканд, ниҳоят фармуд:

  • Ку, бисаро!

Марди бадхайбат, ки мақсади фармони навбатии хонро мисли ҳама воқеаҳои рӯйдода ҳанӯз сарфаҳм намерафт, ҳайрон меистод, ки бисарояд ва ё на? Вале чун мунтазир будани хон ва бори дигар фармони «ку, бисаро!» ба гӯшаш расид, мардак ҳис намуд, иҷро накунад, илоҷ надорад. Ниҳоят оғоз намуд ба тараннуми суруд: нахуст оҳиста ва кебида, пасон овозаш қувват гирифта, боло рафта, ба авҷаш наздик мегардид:
Ё раб, ба насим қуввати ҷон бозовар,
Дар боғи дилам сарви равон боз овар.
Ё ҷони маро аз ин ҷаҳон берун бар,
Ё дар барам он ҷони ҷаҳон боз овар...

Худоё! Ин овоз бо овозе, ки дина саҳар ва ин сабоҳ рӯи олам маҳин-маҳин паҳн мегашт, чӣ шабоҳати зиёд дошт. Аҷибтараш он буд, ки овоз болои қиёфаи нозеби ин марди бадхайбатро бо тарзи сеҳромез, амсоли пардаи ҳарир мепӯшонид. Ва пеши назари хон қиёфаи чутуру ноҳамвори девмард мутассил ҳамвору беҷурм мегардид:
Ё раб зи карам, шифои ранҷурӣ бахш,
В-аз мотами зиндагӣ маро суре бахш.
Шуд дар раҳи ҳаҷр рӯзи умрам торик,
Аз ахтари давлатам шабе нуре бахш!

Бале ин овоз бо як тарзи сеҳрангез ва фасонабор қиёфаи чутуру нозеборо амсоли пардаи ҳарир пӯшонда ва ин қиёфаро сурати ҳамвору беҷурм мебахшид. Балки нуре афзуда буд ба ин андом овози мӯъҷизасон. Ва масали халқии «як ҳунар сад айбро пинҳон кунад» мувофиқ меомад ҳолиё.

Ҳатто баъди ба охир расидани суруда ҳам хон нозебию ноҳамвории чеҳраи дағали мардро, акнун, пайхас намекард:
То чӣ маънии латифӣ ту, ки ин аст суратат?

Мард ҳамоно тараннуми худро идома ҳамедод бо шеваҳои нав ба наве:
Се чиз омад мусаллам пеши шоҳон,
Ҳунар, ё мол, ё марди сухандон.

пешина
аз 194
навбатӣ