Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

аз пайи зиндагии бечораи худам биравам!»

Бо вуҷуди ин сахт муқобилият намекард марди дағалтан ва девсимои қадбаланд, зеро гар зӯре мезад, хизматгорон, ки аз дасту танаш дошта буданд, чор тараф ҳавола хӯрданашон ва фитоданашон яқин буд. Баробари ин чеҳраи мард чунон чутуру ноҳамвор ва дағал буд, ки хон боре чунин дағалкиёфаро надида буд. Хон, ки на мунтазири дидани чеҳраи девҳайбат, балки муштоқ ва ташнаи дидани чеҳраи осмонӣ ва малеҳи тараннумгари ғайбӣ буд, ки ду сабоҳ овозаш мафтунаш карда, аз ин муҷиб барои хизматгорон норизой изҳор намуд:

  • Дафъ кунед, бо афту башарааш, ина, аз пеши назарам!

Хизматгорон ҳайрон монда буданд ва намедонистанд фармудаи навбатии хонро ба иҷро бирасонанд ва ё на?

  • Магар кар шудаед! — оташ гирифт хон бештар. — Гуфтам-ку, дафъ кунед, ин бадафтро аз пеши назарам!

Ҳайрати хизматгорон аз ҳаду ҳудуд гузашта буд.

  • Худатон гуфтед, ки ҳофизро ёфта биоваред... Ёфтему овардем. Ана ҳамин!... — нимгурма кард яке аз хизматгорон. — Ана ҳамин ҳофизи мехостаи Шумо!...

  • Чӣ хел?! — хон дар шигифту ҳайрат фитода буд. Балки нобовариаш болотар мегирифт: наход овози ҷонбахшо, ки сабоҳи дирӯза ва имрӯзаро зебу малоҳати хоса дардода ва ороста ва пероста карда буд, ба ин махлуқи нозебо дахл дошта бошад? Ба махлуқе, ки... Нее, махлуқи девсурат набояд чунин овози осмонӣ дошта бошад! Инро санҷида, хатои хизматгоронро пеши назарашон фош кардан лозим, то минбаъд дар иҷрои фармон саҳлангор набошанд.

  • Суруда метавонӣ?! — аз ин боис суол намуд Худоёрхон аз марди чутурсимои бадҳайбат.

Мардак чанде намедонист чӣ ҷавоб бидиҳад, вале чун мунтазирии хонро эҳсос намуд, чунин ба забон овард:

  • Ҳооо...

Ҷавоби марди девсурат ҳайрати хонро афзуда буд, зеро аз ин «ҳооо...»-гуфта, мад кашидани ин мард оҳанги мавзуне эҳсос гардид. Вале ҳанӯз ба ақидаи худ устувор меистод Худоёрхон:

пешина
аз 194
навбатӣ