Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ки наздиктар меомаданд, дилам сахттар мезад. Онҳо байни худ гап мезаданд, вале гуфтугӯи онҳоро фарқ намекардам. (179 калима)

Ҳабибулло Назаров

25
Мубтадо ва хабарро аз матни зерин ёбед.

ТОВУСИ ПАЙМОНШИКАН

Хурӯс ба суханони товус бовар кард ва ҷомаи зебои худро аз бар кашида, ба товус доду худ парҳои товусро аз бар намуд. Дар ҷомаи рангоранги хурӯс товус ба зеботарин паранда табдил ёфт ва сипас ба ниҳояти масрурӣ ва мағрурии беҳад ҷониби сарзамини дурдасте роҳ пеш гирифт.

Рӯз рафту шаб фаро расид. Хурӯс ҳамчунон товусро интизорӣ мекашид. Аммо аз товус асаре набуд. Ташвишу нооромии хурӯс бештар шуда мерафт. Ва ахиран аз ташвишу парешонӣ натавонист худдорӣ кунад, ба фарёд задан шурӯъ намуд: ку-ку-ку-ку...у...! Ку-ку-ку-ку...у...у...у! Бомдод фарёд заду фарёд зад, аммо аз товус дараке нашуд. Хурӯс аз ваъдахилофии товус афсурдаю ғамгин гашт. Ӯ интизор кашид, ки чӣ вақт пешин мешавад. Пешин ҳам фаро расид. Хурӯс боз фарёд зад: ку-ку-ку-ку...у...у...у! Аммо боз аз товус дарак нашуд. Ӯ маҷбур шуд, ки шомро интизор шавад. Шом ҳам фаро расид. Хурӯс боз ба фарёд задан шурӯъ кард. Вале ин дафъа ҳам аз товус дараке нашуд.

Ҳамин тавр товус дар назди хурӯс паймоншиканӣ кард ва аз он замон то ба имрӯз хурӯси бечора ҳар рӯз дар се маҳал – бомдод, пешин ва шом товусро фарёд мекунад, то ки ҷомаи зебои хешро баргардонад. (199 калима)

Аз «Қиссаҳои ноб дар ҳар боб»

пешина
аз 275
навбатӣ