Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Аз ҷумлаҳои матн аъзоҳои пайравро ёбед.

ҶАНГИ МОР ВА КАЛТАКАЛОС

Ривоят мекунанд, ки замоне як мард аз саҳро ба хонааш бармегашт. Дар роҳ мебинад, ки як мору як калтакалос байнашон ҷанг доранд. Мор вақти муносиб пайдо карда, ба бадани калтакалос заҳр мезанад. Калтакалос бетокат шуда, ин сӯю он сӯ медавад, то заҳри морро аз бадани худ дур кунад. Вай дар канори роҳи одамгузар буттаи юнучкаеро мебинад ва давида рафта, танашро ба барги он мемолад.

Заҳри мор дар бадани калтакалос нест мешавад. Калтакалос боз аз сари нав ба мор ҳуҷум мекунад. Ин ҳодиса ду-се бор такрор меёбад ва ҳар боре калтакалос ба воситаи барги юнучка худро аз хатари заҳри мор эмин нигоҳ медорад. Чун калтакалос бори дигар ба ҷанги мор меравад, он марди роҳгузар буттаи юнучкаро аз бехаш канда ба як сӯ мепартояд ва оқибати корашро интизор мешавад. Пас аз чанде калтакалос худашро ба буттаи юнучка молиданӣ мешавад, вале сад дареғ, ки буттаро дар ҷояш намебинад. Дере нагузашта калтакалос аз таъсири заҳри мор варам мекунад ва ниҳоят кафида мемурад.

Баъд аз ин мард мефаҳмад, ки барги юнучка барои барҳам додани таъсири заҳри мор нафъе доштааст. (176 калима)

Аз «Қиссаҳои ноб дар ҳар боб»

Исмҳои хосро аз матн ёбед.

САНГИ ЧИЛДУХТАРОН

Поёнтар аз деҳаи Кулолии ноҳияи Панҷакент дар сари роҳ санги бузурге ҳаст. Онро санги Чилдухтарон ва он ҷоро Бобои Валӣ меноманд.

пешина
аз 275
навбатӣ