Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Бо риояи оҳанги ҷумлаҳои айнан нақлшуда матнро хонед.
ЛАТИФА
Афандӣ бо ҷомаи оддии фақиронаи худ ба тӯйи бойе рафт. Дар тӯйхона ӯро ба қатори бойҳо ва муллоҳо роҳ надода дар таги як айвон, дар қатори фақирон шинонданд. Дар ҳолате ки ба пеши калоншавандагон оши сергӯшт ва равғанин дароварланд, ба пеши фақирон ва аз он ҷумла ба пеши Афандӣ ҳам оши саркути* сардшудаи бегӯшт дароварда монданд.
Афандӣ бе он ки даст ба ош расонад, аз тӯйхона баромада рост ба бозори ҷома рафт. Аз он ҷо як ҷомаи абрешими зеҳкалонро бо як докаи мисколӣ киро карда оварду дасторро монандӣ муллоён баст ва ҷомаро пӯшида, оҳиста-оҳиста қадам партофта боз ба ҳамон тӯйхона омад.
Хизматгорон ва соҳиби тӯй ин дафъа Афандиро «марҳамат кунед, марҳамат кунед!» гӯён дар пешгоҳи хона, дар паҳлуи имом шинонданд ва як табақи лангарӣ* палави гӯшти мургдор оварда, аз ҳама пештар ба пеши Афандӣ гузоштанд.
Ҳама машғули ошхӯрӣ шуданд. Аммо Афандӣ остини ҷома ва фаши саллаашро ба рӯи табақи палав оварда:
– Марҳамат кунетон, гиретон! – гуфтан гирифт.
Имом пурсид:
– Афандӣ ба кӣ гап зада истодаед?
– Ба саллаю ҷомаам! – гуфт Афандӣ. Ин ҳама иззату ҳурмат аз они ҳамин саллаю ҷома аст. Бинобар ин, ошро аввал бояд ҳаминҳо хӯранд. (189 калима)
Аз эҷодиёти халқ
ЛУҒАТ
саркут – пасмонда
табақи лангарӣ – табақи калон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё