Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
ҲИКОЯТ
Гӯянд, ки рӯзе Афлотун* нишаста буд. Аз ҷумлаи хоси он шаҳр марде ба саломи вай даромаду бинишаст ва аз ҳар навъе сухан мегуфт. Дар миёнаи сухан гуфт:
– Эй ҳаким, имрӯз фалон мардро дидам, ки ҳадиси ту мекард ва туро дуову сано мегуфт, ки Афлотуни ҳаким сахт бузургвор аст ва ҳаргиз чу ӯ кас набошад ва набудааст. Хостам, ки шукри ӯ ба ту расонам.
Афлотуни ҳаким чун ин сухан бишунид, сар фурӯ бурду бигирист ва сахт дилтанг шуд. Ин мард гуфт:
– Эй ҳаким, аз ман туро чӣ ранҷ омад, ки чунин дилтанг шудӣ?
Афлотуни ҳаким гуфт:
– Маро эй хоҷа, аз ту ранҷе нарасид. Вале мусибате аз ин бузургтар чӣ бошад, ки ҷоҳиле маро биситояд ва кори ман ӯро писандида ояд. Надонам чӣ кори ҷоҳилона кардам, ки ба табъи ӯ наздик будааст ва ӯро хуш омадааст ва маро бисутуда, то тавба кунам аз он кор. Маро ин ғам он аст, ки ман ҳам ҷоҳилам, ки сутудаи ҷоҳилон ҳам ҷоҳилон бошанд... (158 калима)
Унсурулмаолии Кайковус
ЛУҒАТ
Афлотун – Платон (428-347 пеш аз мелол), файласуфи машҳури Юнони қадим, шогирди Сукрот
ҳадис – сухан, ҳикоя, нақл; ривоят

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё