Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

консепсияи эҷодии худ ҳамин хусусияти ҳаммонандии шеъру мусиқиро хуб дарк намуда будааст. Аз ин рӯ, дар бештари навоҳо, ки бар ғазалиёти Ҳофиз офаридааст, ҳамин тавъам омезиш ёфтани шеъру мусиқиро риоя намудааст ва бо камоли кордонӣ, маҳорати шеърфаҳмӣ ва қудрати созофаринӣ ба қонунмандии таркибии онҳо риоя кардааст.

Ин тарзи дарки дурусти шеъру мусиқӣ ба Одина Ҳошим имконияти дурусти пиндошти Ҳофизро фароҳам овардааст ва боиси мавқеъ пайдо кардани шахсияти овозхон гардидааст.

Ҳофизи Шерозӣ замоне мегӯяд, ки:

Зинҳор то ғавонӣ, аҳли назар маёзор,
Дунё вафо надорад, ай нури ҳар ду дида...

Ба он Одина Ҳошим навое ҳамроҳ месозад, ки барои дарёфти ҳақиқати ҳол ва фалсафаи зиндагии Ҳофиз фосилаҳо дар тавассути шунаванда боз ҳам наздиктар мешаванд ва қаробати шеъру мусиқӣ бештару беҳтар эҳсос мешаванд. Чунин хусусият дар оҳанҳои Одина Ҳошим хеле зиёданд. Вай каломи Ҳофизро ҳақ мепиндорад ва бо шунаванда низ онро чун навои «ҳақ» маънидод менамояд. Ҳамин ҳолат дар оҳанги ғазали «Имрӯз шоҳи анҷумани дилбарон якест...» эҳсос мешавад.

Дар ҳақиқат ашъори ғиноии Ҳофизи Шерозӣ пур аз маъниҳои орифона аст ва шоир барои наздик шудан бо Худо ва маърифати он аз газбирҳое истифода мекунад, ки саропо бозтобдеҳи ҳамин гуна ишқ мебошанд. Махсусан «ҳалқаи дом» аз ошиқи чӯянраи тарикати маърифат талабҳои зиёд дорад. Одина Ҳошим низ дар вақти наво ҳамин талошро асоси азбарнамоии мақсади шеър донистааст. (630 калима)

Абдуҷаббор Раҳмонов

пешина
аз 275
навбатӣ