Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Шаҳри Тус дар дараи Кашафрӯд дар мобайни ду силсилаи кӯҳи мувозӣ қарор гирифта, пас аз Нишопур дуввумин шаҳри калони Хуросони Ғарбӣ будааст. Иклими вилоятро нафаси ҳар ду кӯҳи қулласафед ва насими рӯди пуроби тезҷараён муътадил медоранд. Обу ҳавои мусоид дар саросари вилоят парварандаи зироату боғдорист. Тус ва рустоҳо – деҳкадаҳои атрофи он ҳама хушбоду ҳаво, сердолу дарахтанд. Шаҳр ҳамноми қаҳрамони машҳури «Шоҳнома» аст: тусиён Туси паҳлавонро бунёдгари шаҳрашон медонистанд. Аз рӯи ривоятҳо, ҳамоно он паҳлавон ва лашкаркаш ба ғазаби шоҳ Кайхусрав гирифтор шуда, гурехта ба Хуросон паноҳида, дар он диёр ба канори Кашафрӯд он шаҳрро бунёд карда будааст. Тусро шаҳри шоирон ва олимон меномиданд: дар маҳфилҳо овози шоирон баланд, дар масҷиду мадрасаҳо мунозираи олимон дар авҷ буд.

Шаҳр аз пайвасти ду шаҳраки самти шарқию ғарбӣ ба ҳам омада буд, шаҳраки самти шарқӣ Тобирон ва ғарбӣ Навқон ном дошт. Разон номи яке аз дарвозаҳои Тобирон буд, зодгоҳи Абулқосими Фирдавсӣ деҳаи ҳамсояи Шодоб ва бошишгоҳаш деҳаи Бож буд; ин деҳа дар пушти дарвозаи Разон буда ва боғистонаш ба он дарвоза мепайвастааст. Обову аҷдоди шоир низ дар Бож ва Шодоб зистаанд. Онҳо деҳқонон - мулкдорони калон будаанд, ки дар Эрони пеш аз ислом табақаи ҳукмрон ҳисоб меёфт. Аҳли ин табақа озодон номида мешуданд ва асилзодагон ба шумори мерафтанд. Дар замони истиқлолияти арабҳо ин табақа аз нуфузи сиёсиву иқтисодии худ маҳрум гардид. Аҷдоди шоир ва худи вай дар ин давра аз мақоми тавонгарӣ фуромада ба мулкдорони хурд табдил ёфта буданд.

Падари шоир Мавлоно Фахриддини Аҳмад марди бофазлу дониш буда, амале аз амалҳои девони молиёти Хуросонро ба уҳда доштааст. Ӯ барои илм омӯхтани

пешина
аз 275
навбатӣ