Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

метофт. Деҳа кайҳо ба хоб рафта буд. Ҷуз чак-чаки борону ҳув-ҳуви бод садое ба гӯш намерасид. Дар ин тирашаби дарозу дилгиркунанда ҳатто саге ҳам намечакид.

Нигоҳи ман зулмоти шабро дарида, шохаҳои ғарқи гули олуҷаро навозиш мекард. Олуҷа гул карда буд ва паррави хиран чароғи долон дар тани он меларзид. Шохаҳо ба сӯс бор оварда буданд, тани нарми дарахти олуча аз нафаси бод печутоб мехӯрд. Резаборон рухи гулбаргҳоро шуста мебориду меборид.

Хоб аз чашмони ман парида буд. Такя ба девори пешдолон зада дар сукути шаб ба деҳкадаи нишебрӯи домани кӯҳ чашм медӯхтам. Нигоҳам аз бом ба бомс мелағжид. Бомҳои хокпӯшу шиферпӯш дар рӯшноии ягон-ягон чароғҳо ҳакиру назарногир метофтанд. Хаёли ман аз рӯи бомҳо раҳида ба сӯи осмони тираю абриеч мерафт ва андешаҳои боронӣ ба дилам роҳ меёфтанд. Андешаҳои тару тоза, чун нафаси боди саргардон парешону раҳгум. (182 калима)

Бароти Абдураҳмон

5

Мазмуни матнро нақл кунед.

ГАЛАИ ГУРГ

Аз самти полез дуди борике ба фазо мехест. Дар домани уфук оғоши шафақ алангӯ зада, хаёле осмон месӯхт. Аз паси теғаҳои кӯҳи Имомаскарӣ, ки андудаи партави бемадори офтоб буд, як гӯшаи моҳ сар мекашид. Ман аз таги дӯлонаҳо маҳви тамошои алангаи шафаку тулӯи моҳ гом мениҳодаму ҷисму ҷонам аз зебоии замину осмон ҳаловат мебурд...

Гандумзори шафати полез якмаром мавҷ мезад. Замин аз тафс фуромада нафас рост мекард. Аз деҳа овози шикваомези гӯсолаҳо ва чакидани саг омада, сукути ҳилвати шабҳангомро мешикаст. Мо рӯи чойлоб баромадем. Қурбонгул дар гӯшае хуфта буд ва нафаси бароҳат мекашид.

пешина
аз 275
навбатӣ