Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Маҳтоб ба адир нур мерехт ва чир-чири малахҳо як эҳсоси рӯзӯиеро дар дил бедор мекард. Дурбин дар даст ман ба обканду селроҳаҳо чашм медавондаму ботинан ҷонварҳои ваҳшии атрофро меҷустам. Дар сари теппаи рӯ ба рӯ ҷонваре падид омад. Танҳо не, аз дунбол чанд ҳамҷинсаш қатор буд. «Галаи гург», — аз дилам гузашт барқосо ва муоинаро давом додам.

Ҷонвари калонӣ дар баландиЕ нишасту сар ба осмон ёзонида, лаҳзае беҳаракат монд. Чойлоб баланд бошад ҳам, ваҳме ба дилам афтод. Рафта ба мо ҳамла кунанд, мо куҷо мегурезем? Не, гурехтан фоида надорад, фақат камон ҷони моро мехарад. (187 калима)

Бароти Абдураҳмон

6

Дар бораи шахсони маъруфи дар матн зикршуда чӣ медонед? Кадоме аз онҳо унвони Қаҳрамонони Тоҷикистонро доранд?

ДОНИШМАНДИ ОЛАМШУМУЛ

Пӯшида нест, ки устод Мирзо Турсунзода дар амалӣ шудани корҳои хайр ба манфиати халқу давлатҳои тараққихоҳ дурахши ақлу фазилати миллати тоҷикро дар дипломатияи шӯравӣ ва ҷаҳонӣ ифода мекард. Яъне дар шахси донишмандони оламшумуле чун устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров тухмати поки ниёгони нексиришти хирадманди тоҷик аз устод Рӯдакӣ сар карда то аллома Аҳмади Дониш сабзу поянда буд. Магар бахти зоҳиран кӯчак набуд, ки агар дар ҳар мамолике перомуни масъалаҳои Шарқ оташи низоъ алангӣ мезад ё ихтилофи назар тезу тунд мегардид, аз ҷониби давлати абарқудрати шӯравӣ маҳз фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Мирзо Турсунзода чун сарвари ҳайат ба он ҷо фиристода мешуд ва баъди баҳсу галошҳо ҳусни тафоҳум ва тинҷиву оромӣ ба миён меомад. Дар ин мавриди чак ба ҷониби устоди шодравон Сотим Улуғзода аст,

пешина
аз 275
навбатӣ