Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Андаруни ҳавлиҳо овози занон ва шарфаи кафшҳои чӯб ба гӯш мерасид.

Дар бозор дӯконҳо боз мешуданд. Аз растаи силоҳсозон гурс-гурс ва аз растаи саррофон* тиқ-тиқи чакуш* шунида мешуд. Хуршед аз паси кӯҳ баромад, сар то сари боғоти водӣ ҳавлиҳои чаманзори дороён, роҳҳо ва ҷӯйборҳо чун дар кафи даст намудор гаштанд.

Ҳар як хона, ҳар як боғ, ҳар як садо ба ӯ шинос буд, магар дар шаҳре қариб панҷоҳ сол умр фарсудан кам аст? Ним асре! Лаҳзаи фироқ фаро мерасид, вале ӯ аз шӯълаҳо, рангубӯй, ғавғо ва аз рӯҳи шаҳр дил канда наметавонист.

Дирӯз дар қасри Муиниддини Парвона, шахси муътабари
дарбор, базм баргузор гашт ва то субҳ давом кард. Дар базм
Ҷалолиддину муриданаш - шайхони маъруфи Куния таклиф
шуда буданд. Муиниддини Парвона солиёни дарозе зимоми*
ҳукми мамлакатро дар ихтиёр дошт, бо расми васии
шоҳзодаи ҷавон, соҳиби ягонаи давлат буд. Ин марди
табиатан ботамкин гоҳ ба хаёл мерафт, гоҳи дигар чеҳрааш
мегирифт, ришапро қабза менамуд, нигоҳашро ба дуриҳо, ё
худ ба андаруни хеш равона менамуд... (200 калима)

Радий Фиш

саррофон -- заршинос, фарқкунандаи пули сара (ҳақиқӣ) аз
посара (қалбакӣ)

чакуш – болға, путк

зимом - лаҷом, инон, маҳор

4

Фарқи тасвири бадеӣ ва воқеиро гӯед.

РЕЗАБОРОН

Резаборон меборид. Шамоли сард вазида, бӯи дуди
гализи ангиштро ба димоғ меовард. Аз порираи бом
қатраҳои борон чакида, бо садои якнавохташ дар дил як
ҳузну андӯҳро бедор мекард. Осмон гирифта буд. Он қадар
бори вазнин, ки гӯё миёнаш хам зада, ба назараш пасту тира

пешина
аз 275
навбатӣ