Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
сабзу шукуфон, баҳори гулафшон. Баҳоре, ки танҳо як бор меояд, як бор ҳама ошиқаш мешаванд, як бор ба дилҳо шӯру шавқи фузун мемонад.
Ӯ баҳоре буд зеби «Гулшан», баҳоре буд, ки ҳама гулҳои хушрангу хушбӯи эҳсоси дили пуртабу тобашро ба мардум бахшида, баҳоре буд ба кашангӣ ва рангу бӯи тоза беназир. Баҳори нотакрор ва пурафсонае буд Муқаддас дар дунёи суруд.
То умр боқист, магар ёди чунин баҳор аз ёд меравад? Шарораи хотираҳо ёд аз ӯ меоранд. Шарораҳо гармӣ медиҳанду чеҳраи ошнову пуртабассуми ӯ пеши назар меояд. Шарораҳо нур мепошанду аз қаъри шоми сокит, аз дунёи афсонаҳо, аз дуродур овози ҷонбахши ӯ буррою ҷозиб акс мешавад: «Шарораи хотираҳо»...
Ӯ баҳори суруд буд. Баҳори гулогӯш, баҳори хуштаровату нотакрори суруд. Баҳоре буд, ки ба олами ҳунар дигар намеояд, лек дар дунёи дилҳо ҳама умр сабзу покиза маҳфуз монда.
Аз ин баҳор хушрангтарин гулҳои хотира ба ёдгоранд.
Ӯ муқаддас буд, Муқаддас монд бо сурудҳои дилошӯб, овози фораму ҷозиб, хулқу атвори нек, фазилатҳои наҷибаш. ...Ӯ ҳамон суруди баҳор аст, ба ҳусну нафосат ягона ва беназир. Суруде, ки аз умқи дил бурун омаду ба дилҳо роҳ ёфт, намемирад, соҳиби он ҳам. (198 калима)
Латофат Кенҷаева
3 Ғоя ва сабки нигориши матни зеринро муайян созед.
ШАҲРИ ОШНО
Ғичирроси ошиқ-маъшуқи оҳанин овози дурушти хоболудонаи дарвозабонро паҳш кард. Барзагову гӯсфандони ба ин ҷо овардаи деҳқонони гирду атроф наъракашону маоҷзанон мунтазири во шудани дарвозаҳои шаҳр буданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо