Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

1
Ҳадафи асосии матнро муайян кунед.

ФИКРИ МУСТАҚИЛ

Яке аз фазилатҳои хуби инсонӣ дар ҳар масъала фикри шахсии худро доштан аст. Одаме, ки фикри мустақили худро надорад, ҳаргиз дар ҳаёт мустақил, устувор буда наметавонад ва як умр аз хати кашидаи дигарон берун набаромада, бо раъйи дигарон амал мекунад. «Бо доираи дигарон мерақсад» гуфтанӣ гап ба ҳамин тоифа касон тааллуқ дорад. Табиист, ки ин гуна шахсон ҳеҷ гоҳ дар байни мардум соҳиби эътибор ва эҳтироми ҳақиқӣ намешаванд.

Дорои фикри худ будан чӣ маъно дорад? Маънои ин хеле доманадор аст ва онро бо як-ду сухан ифода кардан номумкин аст. Вале агар кӯтоҳ карда гӯем, нисбат ба масъалаҳо «ҳамту будааст-дия», «ҳамту мешудааст-дия» гӯён бефарқу бетараф набуда, балки доир ба онҳо ақидаи худ, нуқтаи назари худро доштан аст.

Маълум аст, ки ақида ва нуқтаи назари шахсӣ худ ба худ пайдо намешавад. Барои ин қудрат ва дониши кофӣ лозим, то ки кас моҳияти масъалаҳоро дуруст фаҳмида, ҳаматарафа санҷида, таҳлил карда, ба хулосаи шахсӣ омада тавонад. Аммо фақат фикру ақида доштан кам буда, ҷуръати онро гуфта тавонистан ҳам доштан лозим аст. Фикри шахсӣ танҳо дар сурате қимат пайдо мекунад ва фазилати шахс ҳисоб меёбад, ки ба забон ё рӯи қоғаз оварда шавад. (193 калима)

Нозирҷон Боҳирӣ

2
Жанри матнро муайян кунед.

МУҚАДДАС

Ман ӯро ба баҳор монанд мекунам, ба баҳори суруд. Шумо тааҷҷуб накунед. Суруд ҳам баҳор дорад. Баҳори

пешина
аз 275
навбатӣ