Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

ғайра тараққӣ карда буданд. Вале мо набояд шаҳрҳои имрӯзаро бо шаҳрҳои он давра омехта кунем. Шаҳрҳое, ки то замони инқилоб дар қаламрави Бухорои Шарқӣ вуҷуд доштанд, монанди деҳаҳои бузурги ҳозира буданд.

Баъди ғалабаи Инқилоби Бухоро охирин амири Бухоро Сайид Олимхон аз Бухорои Шариф фирор карда, ба Душанбе омад ва онро ба қароргоҳи худ табдил дод. Ӯ дар ин ҷо ҳамаи дастаҳои босмачиёнро муттаҳид намуда, барои бар зидди ҳокимияти шӯроӣ мубориза бурдан тайёрӣ медид. Баъди ним сол, яъне феврали соли 1921 байни қӯшуни амир Олимхон ва аскарони сурх ҷанги шадид ба вуқӯъ пайваст. Дар муҳориба аскарони сурх ғалаба карда Душанберо забт намуданд. Амир Олимхон бошад, ба Афғонистон фирор кард. Аз ҳамон сол Душанбе маркази Бухорои Шарқӣ шуд.

Соли 1924 дар Осиёи Миёна тақсимоти миллӣ-миқёсӣ гузаронида шуд. Халқҳои Осиёи Миёна соҳиби давлатҳои миллии худ гаштанд. Аз ҷумла тоҷикон ҳам дар Бухорои Шарқӣ ҷумҳурии худмухтори худро дар ҳайати Ӯзбекистон барпо намуданд. Агар ин тақсимот барои халқи тоҷик аз як тараф, воқеаи бузурги таърихӣ ба ҳисоб равад, аз тарафи дигар, дар натиҷаи он миллати тоҷик аз шаҳрҳои бузурги худ, ки дар онҳо фарҳанги сеҳазорсолаш бунёд ёфта буд, маҳрум гашт. Ин шаҳрҳо Самарқанду Бухоро буданд.

Барои ҳамин тоҷикон пойтахти давлати худро аз шаҳри Бухорои ҳазорсола ба деҳаи Душанбе кӯчониданд ва онро маркази Тоҷикистони навбунёд қарор доданд. Маркази нави иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии тоҷикон аз марказҳои тамаддуни ҳазорсолаш фарсахҳо дур афтода, дар кӯҳистони дурдаст ҷой гирифта буд. Канда шудан аз решаҳои шаҳрнишинию шаҳрдорӣ барои халқи тоҷик хеле гарон афтод. Чунки бе шаҳри бузург тараққӣ кардани ҷамъият номумкин аст. Аз ин ҷиҳат, халқи тоҷик бунёди фарҳанги нави худро аз ҷои холӣ шурӯъ намуд. Ҳарчанд ҷудо шудан аз марказҳои тамаддун ва баъдан маҳрум гаштан аз хату алифбои ниёгон барои халқи тоҷик душвориҳои зиёде пеш овард, аз ин тоҷикон рӯҳафтода нашуданд. Баръакс, аз ташкил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди муборизаҳои тӯлонӣ муяссар гардид, халқи тоҷик боз ҳам

пешина
аз 275
навбатӣ